ПАЁМИ
табрикотии и.в. Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтарам Ғафурзода Рабим бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз
Ҳамватанони азиз!
Ҷашни ҷаҳонии Наврӯзи оламафрӯзро бо таманниёти самимӣ ба тамоми сокинони сарбаланди ноҳияи Шаҳристон муборакбод гуфта, таманнои онро дорам, ки файзу баракат ва шукӯҳи ин ҷашн бароятон иқболу саодат ва барои амалӣ гардидани ҳадафҳои созанда муваффақиятҳои беназирро ато намояд.
Наврӯз – ин иди ниёгони мо, ки солҳои тулонӣ истиқболу ҷашнгирии он ба рисолати воқеию таърихӣ доштани он ба ҳадди мамнӯъӣ расида буд, соли шонздаҳум аст, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид Рӯзи байналмилалӣ эълон гардид. Ба ибораи дигар Наврӯз ҷаҳонӣ шуд ва эътирофи воқеияту рисолати таърихии он барқарор гашт.
Ҷашни Наврӯз аз ҷумлаи гиромитарин ҷашнҳои мардумист, ки решаи он ба даврони бостон рост омада, рамзҳои зиёдеро дар худ нигоҳ доштааст, ки аз асрҳо то ба имрӯз бо мафкураҳои гуногун ва динҳои гуногун созгор омада, умри беш аз чаҳорҳазорсоларо сипарӣ намуда, аз замоне оғоз мегардад, ки мардуми аҷам дар атрофи шоҳ Ҷамшед ба ҳам пайвастанд, муттаҳид гаштанд ва ин рӯзи бузургро Рӯзи нав ё Наврӯз хонданд ва худро озодагон номиданд.
Дар Тоҷикистон Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шукӯҳу ҷалоли бештар мегирад. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тӯли садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳуввияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонанд.
Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Аз ҷониби Маҷмаи Созмони Милали Мутаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазирифта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадим ниёгони мо бо холисии ният ва армони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёму ваҳдати муҳаббат, покию садоқат, зебоиву нафосат ва бедорию заҳмат будааст».
Наврӯз аз рӯзу замон ва мавҷудияти худ башорат дода, гузаштаро ба оянда мепайвандад то, ки башарият тасвири аслии худро дар он бубинад ва ба ҳуввияти худ ошно шавад.
Ҳамватанони азиз!
Бо таҷлили ин ҷашни бостонӣ моро зарур аст, ки анъанаҳои деринаи миллиамонро густариш бахшем, мардумро ҳар чӣ бештар муттаҳид созем ва онҳоро ба ободу зебо гардонидани диёрамон сафарбар намоем.
Дар баробари ин Наврӯз пайки баҳор аст, эҳёи табиату зиндагӣ, қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон мебошад, зеро хони пур аз неъмати мо вобаста ба заҳмати марди деҳқон аст.
Ҷашни Наврӯз, ки аслан вобаста ба марди деҳқон аст мехоҳам зикр намоям, ки истифодаи оқилонаи замин, рӯёнидани ҳосили фаровон ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти худӣ аз корҳое мебошанд, ки ҳар сокини ноҳия бояд онҳоро ба хотири рушду нумуи ноҳия анҷом диҳад.
Яке аз омилҳои расидан ба ҳадафҳои ниҳоии ин неъмати бебаҳо ва ҳимояи он, дар зеҳну шуури ҳар як соҳибватан парваридани эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватандорӣ ва ҳуввияти миллӣ ба ҳисоб меравад.
Мисоли созандагию бунёдкорӣ низ аз ҷумлае мебошанд, ки ба рушду тараққиёти мамлакат ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мусоидат менамояд. Қобили қайд аст, ба ифтихори сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2026 таҷлил гирифта мешавад, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иборат аз 192 банд ба бунёди сохтмону иншоотҳои хурду бузург таҳия гардидааст, ки то ин ҷониб 120 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Дар сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, воситаи муҳими пайванди наслҳо, эҳёи беҳтарин суннатҳои зебопарастӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаҳо аз дил ва тақвияти якдилӣ, дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона ба ҳисоб меравад.
Бояд қайд намуд, ки Наврӯзи – 2025 наврӯзи таърихӣ ба ҳисоб меравад зеро бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров аломатгузории байни марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба охир расида, санаи 13-уми марти соли 2025 дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон минтақаи сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав ифтитоҳ гардида, дустиву рафоқати байни мардуми тоҷик ва қирғиз мустаҳкам карда шуд, ки ҳамчун саҳифаи таърихӣ дар марҳилаи нав қайд гардид.
Наврӯзи аҷам дорои таърихи куҳанбунёд бошад ҳам, мо насли имрӯз бо ифтихор онро зодаи даврони истиқлолият меҳисобем, зеро маҳз озодию соҳибихтиёрии миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки ҳар як иду маросими суннатӣ ба таври хоса истиқбол гардад.
Боиси хушнудист, ки муҳимтарин суннату таомулҳои наврӯзӣ бо нақшаву ниятҳои нав оғоз намудани кору зиндагӣ, аз қалбҳо дур сохтани кинаву адоват, айёдати пирони рӯзгор, дасти кӯмак ба ятимону ниёзмандон, сарсабзгардонии муҳити атроф, кишту кори баҳорӣ ва ташкили чорабиниҳои гуногуни варзишӣ дар ин айём аз тарафи мардум дастгирӣ меёбанд.
Бо чунин ниятҳои нек, дар ин лаҳзаҳои фархундаву муборак фарорасии Наврӯзи ҷаҳониро ба тамоми сокинони ноҳия самимона табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорам, ки бахту саодати наврӯзӣ, иқболи нек, рӯзгори хурраму бонишот ва умри бобаракат насиби ҳар як хонадон бошад ва аз файзу баракати Наврӯз Тоҷикистони азизи мо шукуфону хуррам ва нусратёр бошад.
Ҷашни Наврӯзи аҷам муборак, ҳамдиёрони азиз!