Чоп

Таърихи пайдоиши экстремизм ва терроризм

Экстремизм (ифротгароӣ), террор ва терроризм ҳанӯз хеле барвақт, пеш аз пайдоиши ин мафҳумҳо ба вуҷуд омадаанд. Соли 2001 бостоншиноси ангилис бо ҳамкориикриминалистон ҷиноятеро ошкор намуданд, ки 4 азор сол пеш содир шуда буд, ҷисми мумиё шудаи Фиръавнро, ки дар синни 18-солагӣ дунёро тарк карда буд, таҳқиқ намуда олимон дар пушти косахонаи сари ӯ чуқурчаеро пайдо карданд, ки бар асари бо кадом чизи сахт адан пайдо шудааст ва маҳз ҳамин зарба Фиръавнро ба марг расонидааст.

Дар натиҷаи тадқиқоти сарчашмаҳои зиёд олимон ба хулосае омадаанд, ки Фиръавнро мушовири ӯ бо ёрии асои шоҳӣ ба қатл расонидааст.  Ин корро мушовир бо ёрии сарлашкари артиши Фиръавн анҷом додааст.

Бо роҳӣ зӯрӣ кушта шудани Фиръавни мисрӣ аввалин ҳодисаи дар таърих сабтшудаиқатлиҳ одими давлатии сатҳи баландтарин мебошад.

Дар асри I  пеш аз мелод дар бораи гурӯҳи сиёсии яҳудиён  бо номи «зелотҳо», ки бо воситаи методҳои террор барои худмухтории Фесалония ба муқобили римиҳо мубориза мебурданд маълумотҳо вуҷуд доранд.

Дар солҳои 60-70 асри I мелодӣ гурӯҳи мутаассибони дини яҳудия «сикориҳо» барои сарнагун намудани ҳокимияти сиёсии римиҳо аз шеваҳои террористӣ истифода менамуданд. Истилоҳи “сика” аз ханҷари кӯтоҳ  ба вуҷуд омадааст.

Сикориҳо дар рӯзи равшан одатан дар вақтҳои серодами кӯчаҳою бозорҳо, дар рӯзҳои ҷашн бо истифода аз ханҷари кӯтоҳ  амалиёти террористӣ анҷом медоданд, ки ҳадафи сиёсӣ доштанд.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷоме0аи

дастгоҳи Раиси ноҳия                            Муҳиддинов Б

 
Чоп

Мушкили аслии ҷавонони ноогоҳ

 

Мушкили аслии ҷавонони ноогоҳи кишварҳои мусалмоннишин он аст, ки онҳо аз идеологияи аслии ифротгароёни динӣ, бахусус, аз гурӯҳи террористии ба номи “Давлати исломӣ”, иттилооъ наадоранд ва аз ин ҷост, ки ба фиребу найранги онҳо дода мешаванд. Мувафиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динӣ ягон давлати мусалмононнишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд  надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол ва ба таркиби “хилофати ягонаи исломӣ” дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи “хилофат” бечунучаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд.

Ҳамин тавр ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусалмоннишинро эътироф намекунанд, балки онҳоро дар таркиби “хилофат” дидан мехоҳанд.

 

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия                            Муҳиддинов Б

 

 

 
Сахифаи 149 аз 268