Амволи террористӣ – бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё тахдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиактивӣ, биологӣ, таксикӣ, захрнок сахттасир, захролуд; нобудсохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар обектҳо сӯиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ ҷамиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳои аҳолӣ; гаравгонгирӣ, дуздии одам бавуҷуд овардани хатари расонидани зарар ба хаёт, саломатӣ ё амволи шахсони доираи номуайан тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатхои дорои хусусияти техногенӣ ё тахдиди воқеъии ташкили чунин хатар; пахн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна воситаҳо содир намудани дигар амволҳое, ки боиси хавфи халокати одамонро доранд; расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатхои барои ҷамъият вазнин.Гурӯхи террористӣ – шахсоне, ки ба мақсади содир намудани фаъолияти террористӣ муттахид шудаанд.

.jpg)