Чоп

Хоинон нахоҳанд ба мақсад расид

Ҷаҳони имрӯз зери хатари ҷиддии падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм қарор гирифтааст. Ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш оварда,  аксарияти давлатҳои сайёра эълон кардаанд, ки мо бар зидди ин зуҳурот, яъне терроризму экстремизм мубориза мебарем. Аммо имрӯзҳо аён гашта истодааст, ки баъзе давлатҳои дунё сиёсати худро пеша карда, чунин гурӯҳу созмонҳо ва ҳизбҳои террористиро маблағгузорӣ мекунанд ва ба онҳо паноҳгоҳ медиҳанд. Аз ин ҷо бар меояд, ки ҳеҷ як ҳизбу созмонҳои ифротӣ бе дастгирии давлатии дигар фаъолият карда наметавонад. Яке аз хоинони давлат миллатфурӯши тоҷик, Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқиров як гурӯҳ сокинони Бадахшонро ба муқобили сохти конститутсионӣ тазоҳурот карда, мехостанд вазъи кунунии Ватани азизамонро, аз ҷумла Бадахшонро ноором созанд. Сабаб ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани ин гурӯҳҳои ифротгаро мегардад.

Муфассал...
 
Чоп

Сабабҳои паҳн гаштани зӯроварӣ дар оила.

Зӯроварӣ дар оила ба тамоми аъзоёни ҷомеа дахл дорад, зеро дар натиҷаи таъбизи гендерӣ дар ҷомеа пайдо мешавад.

Инсоне, ки аз  зӯроварӣ дар оила ҷабр дидааст, натанҳо дар оила,балки берун аз оила низ ҳуқуқ ӯҳдадориҳои худро  пурра иҷро карда наметавонад. Ҷабрдидагони калонсоли зӯроварӣ дар оила, ки ба онҳо муҳити иҳотакардашуда кӯмаки дахлдор расонида наметавонад, ба худкушӣ даст зада метавонад, ғазаби худро ба кӯдакон зоҳир мекунад, ҳатто ба куштори зӯровари худ даст зада метавонад.

Муфассал...
 
Сахифаи 196 аз 268