Чоп

ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ИФТИХОРИ МО

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала  ва баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, изҳори қаноатмандӣ оид ба ҳамкорӣ  дар самтҳои сиёсати байналмилалӣ, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният, пурзур кардани иқтидори мудофиавӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба хотири таъмини амният дар минтақа гувоҳи боз ҳам вусъат ёфтани ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва таъмини амният дар минтақа мебошад.

Пешвои миллат, ифтихори мо! Ҳамеша ба сари мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон сиҳатманду пирӯз бошед!

 

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия                 И.Шоаҳмедов

 
Чоп

Муаррифгари фарҳанг

Санаи 12 октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ташриф намуданд.

Бо Президенти Фаронса Эмануел Макрон ва роҳбарони воломақоми ин кишвар мулоқоту вохӯрӣ  доир намуданд.

Баргузор гардидани маросими Намоишгоҳи нигораҳои таърихии «Тоҷикистон – кишвари рудҳои тиллоҳ», ки дар Осорхонаи миллии санъати шарқ -  Гимеи шаҳри Париж ва баргузории Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар дафтари кории ЮНЕСКО боиси ифтихор ва сарбаландии мо тоҷикистониён мебошад. Амалӣ гардидани чунин тадбирҳо бори дигар гувоҳи онро дорад, ки мо миллати тамаддунсоз ва бофарҳанг ҳастем ва ташаббуси  Пешвои миллат фарҳанги мо дар ҷаҳон муарриф гардида истодааст.

 

Мутахассиси пешбари шуъбаи

рушди иҷтимоӣ ва робита бо

ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия                   С.Абдувоҳидова

 
Сахифаи 202 аз 240