Чоп

ВАХДАТИ МИЛЛЙ ПОЯИ СУЛХ АСТ

Сулху вахдат ифтихори миллати сохибдилам,

Васфи онхоро намояд, решаи чону дилам.

Дар миёни кавмхо пайвастагй моро аз он,

Дахр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Сулху вахдат иборахоеанд, ки хамеша дилчаспу дилнишин ва бо лахни шево садо дода. бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулх — оштиву фарзонагй, якдигарфахмй ва толиби осоиштагй будани мардумро тачассумгар аст.

Муфассал...
 
Чоп

Қаҳрамонони  Тоҷикистон

1. Устод С. Айнӣ

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 8 уми сентябри соли 1997 ба асосгузори  адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии  «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Садриддин Айнӣ соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани  Ғиҷдувони Бухоро ба Дунё омада, соли 1954 дар шаҳри Сталинобод (Душанбеи ҳозира) вафот кардааст.

Асарҳои илмию насрии ӯ чунинанд: «Таҳзибу-с-сибён» (1909), «Ахтари инқилоб» (1923), «Одина», «Дохунда» (1930), «Ғуломон» (1936), «Ятим» (1940), «Ёдоштҳо»(1947-48).  Асарҳои ӯ аз солҳои 20-уми асри XX то имрӯз ба 29 забони халқҳои Дунё тарҷумаю нашр шудаанд. Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО, 100 солагии устод Айнӣ ҷашн гирифта шуд.

Муфассал...
 
Сахифаи 44 аз 240