«Паймони миллӣ» доми фиреби ТТЭ ХНИ аст!
Мо, омӯзгорон созмон ёфтани иттиҳоди «Паймони миллӣ»-ро аз пашша фил сохта истодани Кабирӣ медонем найранги навбатии мухолифини ҳукуматро махкум мекунем. Аввал ин ки ин чор нафар ҳуқуқи аз номи миллати тоҷик баромад кардан надоранд. Онҳо ҳақ надоранд худро ҳамчун намояндаи миллати тоҷик муаррифӣ кунанд. Сониян идеяи таъсис додани иттиҳоди мазкур аз андешаву ақидаи душманони миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон об мехурад ва бинобар ин, он мақсади нафъ расонидан ба Тоҷикистон ва сокинони онро надорад, балки баръакс, барои заиф намудани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таъсис дода шудааст.