«Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ»
Соли 2000 бо пешниҳоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҷонишини раиси ҲНИТ интихоб мешавад. Ноиби ӯ дар ҲНИТ ба замоне рост омад, ки сарвар ва муовини аввали он бештар дар беморӣ ба сар мебурданд. Моҳи августи соли 2006 Сайид Абдуллоҳи Нурӣ аз олам даргузашт ва моҳи сентябри ҳамон сол Муҳиддин Кабирӣ дар Анҷумани ҲНИТ раиси ин ҳизб интихоб шуд.
Соли 2005 як ташкилоти ғайриҳукуматии ҷумҳуриявиеро бо номи Маркази «Диалог» таъсис дод, ки муддате ба минбари таҳлилгарони масоили иқтисодиву сиёсӣ табдил шуда буд.