Чоп

Ҳимояи Ватан масъулияти инсониву имонист

Дар замони муосир баъзе аз доираҳои манфиатҷӯй ба хотири расидан ба ҳадафҳои нопоки худ дини мубини исломро ҳамчун ниқоб истифода бурда, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд мардумро ба амалҳои ношоиста, бадбиниву ҷоҳилӣ, хурофотпарастӣ, таҳаммулнопазирӣ, тақлидкорӣ ба либосҳои бегона роҳнамоӣ созад. Ин ашхос, ки дар асл аз аркони дини мубини ислом фарсахҳо дур монданд, худро гоҳ муллову гоҳ хирадманд вонамуд месозанд ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ байни мардум тафриқаангезӣ менамоянд.

Бузургони илму адаб барҳақ таъкид кардаанд, ки «Ҳар ҷое агар дӯстӣ бошад, он ҷо душманиҳам мебинӣ». Вақт, ки довари асосии ҳаёт маҳсуб меёбад, нишон дод, ки ташкилоти терористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ ҳаргиз таҷаллии хуршеду орзуву ормонҳои мардум, сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёни халқи тоқикро ба Ватан-модар намехоҳад.

Ифротгароӣ ва террори динӣ-мазҳабӣ, ки аввал дар кишварҳои Ховари Миёнаю Осиёи Ҷанубӣ тарҳрезӣ мешуд, ҳоло тавассути наҳзатиҳои террорист ва амсоли онҳо ҳудуди хешро тавсеа бахшида, ба Аврупо «кӯч» бастаанд.

Мардум медонад, ки мушкилоти мо фақат дар ҳолати сулҳу осоиштагӣ метавонад ҳал гардад. Аз ин рӯ, ҳар фарди солимфикру ватандӯст, хоса мо-ҷавононро зарур аст, ки масъулиятро дар назди халқу Ватан содиқона анҷом диҳем. Сулҳу суботи кишвар, арзишҳои миллӣ, таърих ва фарҳанги аҷдодиро чун гавҳараки чашм ҳимоя намуда, барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Ватани азиз камари ҳиммат  бандем, зеро обод кардани Ватан масъулияти инсониву имонист.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

 

дастгоҳи Раиси ноҳия                      Муҳиддинов Б

Муфассал...
 
Чоп

Бузургтарин неъмати мо сулҳ аст!

Имрӯзҳо шаҳди истиқлолияту озодӣ, оромиву осоиштагиро мардуми шарифи Тоҷикистон шамидаву бо сиёсати Сарвари давлат по ба по қадам гузошта, Истиқлоли давлатӣ- ин муқадасотро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда истодааст. Аз ин рӯ, бо сиёсати оқилона, ободкорона ва озодиҳову озодпарастии Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шукрона кунем. Дар ҳамбастагӣ ба сӯи ободкориву ташаббусҳои созандаи миллат сарбаландона қадам гузошта, бо ифтихор бигуем: «Мо пайравони Пешвои миллат ҳастем!».

 

Сармутахасси бахши фарҳанг Ғозибекова С.

Муфассал...
 
Сахифаи 162 аз 240