Ҷавонони ифротгаро- доғи дили ҷомеа
Ҷавонони мафкураи ифротидошта аз қабул ва шинохтаии дини ислом, ки сарчашмаи сулҳу субот ва маҳзари покию иффат ва махзани ахлоқи хамидаӣ меошад, оҷиз ва маҳрум мондаанд. Дар баробари ин ифротгароён бо тавсия ва супориши хоҷагони хориҷӣ ва дохилияшон низоми демократи ва дунявӣ доштани сохтори конститутсионии давлати моро куфр ва бидъат ҳукм намуда, талош доранд, ки ҷавонони мусалмонро дар руҳияи ватанбадбинӣ ба ваоя расонанд.
Ҷавонон ояндаи миллат ва давлатанд. Ҷавононои солимақл, саҳибитеъдод ва ҳушманд ифтихор ва сармояи хушбахтӣ ва саодатмандии ҷомеа мебошанд. Аммо ҷавонони ифротгаро ватундхӯйи ситезаҷӯ доғи дили падару модарон, дарди сари ҷомеа ва омили хушунат, низоъ ва фитнаҳои навбатӣ хоҳан гашт.
Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки фирефтаи фитна ва ваъдаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои ифротгаро нашуда бо истифода аз нерӯи зеҳнии хеш бар зидди ин гуна гурӯҳҳо мубориза барем.
Мутахасисси пешбари шуъбаи
рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи раиси ноҳия Алиҷонзода Г.Ф