Чоп

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон кафили рушди сиёсати давлатии ҷавонон

Боиси сарфарозист, ки аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз ба ҷавонон таваҷҷуҳи беандоза зоҳир мекунанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил яке аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро самти афзалиятнок дониста, бар он таъкид мекунад: «Мобояд сиёсати давлатии ҷавононро дар қатори масъалаҳои стратегии давлатӣ ва амнияти миллии насли наврас, аз қабили ҷараёни демографӣ ва муҳофизати ҷавонон, сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, танзими оила, аффзудани иллатҳои нашъамандӣ, зӯроварӣ дар байни ҷавонон ва ғайраро мавриду таҳлилу омӯзиши ҷиддӣ қарор диҳем».

Ҳар сол Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони лаёқатманди ҷумҳурӣ моҳи май вохӯрӣ доир мекунанд ва дар он оид ба дастоварду пешравиҳо ва дастуру супоришҳо оид ба сиёсати ҷавонон бо онҳо мулоқот мекунанд.

Муфассал...
 
Чоп

Ҷавонон- нерӯи созандаи ҷомеа

Дар ҷавонӣ  саъй  кун  гар  бехалал  хоҳӣ  амал,

Мева  бенуқсон  бувад,  чун аз  ниҳоли навбар  аст.

А. Ҷомӣ

Ваҳдати   ҳақиқии миллӣ  бидуни  бузургдошти  забон  ва  мероси  фарҳангӣ  тасаввурнопазир  аст. Ин нуктаро  офаридаҳои  Пешвои миллатамон  собит  месозанд:

«Тоҷикон дар  оинаи таърих», «Тоҷикистон дар остони  фардо», (1997), «Фарҳанг-ҳастии  миллат»(2000), «Зиёиён  равшангарони  роҳи  фардои  миллатанд»(2004).

Дар  рушди  илму  фарҳанг,  маданият  ва  ҷомеа  саҳми  ҷавонон  бузург  аст,  бинобар  ин  ба   таълиму  тарбияи  ҷавонон  диққати  ҷиддӣ  бояд  дод.

Бо  назардошти  саҳми  ҷавонон  дар  рушди  ҷомеа  ва  иштироки  фаъолонаи  онҳо  дар  ҳаёти  сиёсиву  иқтисодии  мамлакат  Пешвои   миллатамон  пешниҳод  намуданд,  ки  соли  2017  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Соли  ҷавонон  эълон  карда  шавад.

Тавре  Президенти  кишвар  изҳор  доштанд: «Татбиқи  босамари  сиёсати  давлатии  ҷавонон  аз  рӯзҳои  нахустини  соҳибистиқлолӣ  дар  меҳвари  фаъолияти  Ҳукумати  Тоҷикистон қарор  дорад. Аксарияти  аҳолии  Тоҷикистонро  ҷавонон  ташкил  медиҳанд, ки  онҳо  давомдиҳандаи  кору  фаъолияти  насли  калонсол,  нерӯи  созанда  ва  иқтидори  воқеии  пешрафти  ҷомеа,  хулоса,  ояндаи  миллат  ва  давлат  мебошанд”.

Муфассал...
 
Сахифаи 164 аз 268