МУЛОҚОТИ СУДМАНД
Санаи 11 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Брюссели подшоҳии Белгия сафар намуда, бо ноиби Президенти комиссияи Аврупо, намояндаи олии иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозес Борел мулоқот намуднанд. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои бахшҳои иқтисод, тиҷорат, татбиқи амалии лоиҳаҳои судманд дар соҳаҳои гуманитарию фарҳангӣ, бахусус маориф, тандурустӣ, рушди маҳалро муҳокима карданд. Сарвари давлат оид ба масъалаҳои об ва рафъи оқибатҳои тағирёбии иқлим, ки ба яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир мебошад, изҳори сипос намуданд. Инчунин ба масъалаҳои бемории сироятии коронавирус низ суханронӣ намуданд.