Терроризм ва ифротгароӣ – душмани инсоният
Шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористӣ ташвиши ҷомеаи имрӯза гардидааст. Сабаби шомилшавӣ як тараф ҳисси пулу молпарастӣ, сарвату мансаб бошад, аз тарафи дигар, аз бесаводӣ, маълумоти кофӣ надоштан оид ба мафҳум ва гурӯҳҳои террористӣ, надоштани ҳисси ватандӯстӣ дар қалби худ, надоштани ҳисси эҳтиром ва дӯстдорӣ нисбати оила ва наздикони худ ва надоштани маърифати исломӣ мебошад.