Терроризм хатари бузурги иҷтимоӣ дорад
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Хусусияти экстремизм ва терроризм ва афзудани шумораи одамони ба ин гуруҳҳои номатлуб шомилшуда бо роҳи ҷалб намудан ва тадриҷан тағйир додани тафаккури эътиқоди онҳо зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд.