Мубориза бар зидди терроризм
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номус маҳсуб меёбад. Тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ифродгароӣ ва террористӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилонаи сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар гузошта истодааст. Кайд кардан бамаврид аст, ки терроризм ва ифродгароӣ яке аз зуҳуроти номатлубтарини ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор рафта боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш аз ҷумла таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнини рўҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тагйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.