Поягузори ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола санаи 16- ноябр ҳамчун Рӯзи Президент дар саросари ҷумҳуриямон ҷашн гирифта мешавад. Мансаби президентӣ муқаррароти конститутсионӣ маҳсуб ёфта, тартибу шароитҳои ба ин мансаби олии давлатдорӣ интихоб шуданаш дар моддаҳои 64 то 72-и боби чорум Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар гардидааст.