Пайравони истиқлолу сулҳу ваҳдатем
Си сол муқаддам Тоҷикистони биҳиштосо Истиқлолияти худро ба даст овард. Гӯё ҳамон сол офтоб танҳо ба сари халқи тоҷик нур пошидааст. Хурсандии мардум ҳаду канор надошт, имрӯзҳо ҳамма аз дастовардҳои истиқлолият сухан мекунанду аз сулҳу оромӣ шукргузорӣ. Маҳз ин Истиқлолият самараи кори неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Имрӯз вақти он расид, ки суханҳои Пешвои миллатро дар зиннаи авал гузорем. Истиқлолият ин шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад