Экстремизм ва терроризм
Пайдоиши ифротгароӣ натиҷаи баланд шудани таъсири нуфузи хориҷӣ ба масъалаҳои дохилии ин ё он кишвар аст, ки намунаи барҷастаи он давлати Авғонистон мебошад. Ба воситаи паҳн намудани таълимоте, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, ҳизбҳои гуногун мехоҳанд, нооромӣ ва норизоиро байни ташкилотҳои динӣ ва мусалмонон ба вуҷуд оваранд. Чунин ҳаракатҳо ва ҳизбҳо, ба мисли «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Аҳмадия», ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон манъ шудааст, метавонанд, на танҳо вазъи диниӣ, балки вазъи сиёсиро дар мамлакат вайрон намоянд.

.jpg)