Чоп

Таблиғоти бегонапарастӣ ва оқибатҳои он

Имрўзҳо тамоми ҷомеаи башариро зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизм ба ташвиш оварда, ба масъалаи доғи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Фаъолияти ташкилотҳои тундрав ба амнияти миллӣ ва давлатии бисёр кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд.

Воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, ки миллатро ба ҳоли парешонию давлатро дар садади нобудӣ қарор доданд, натиҷаи чунин ноогоҳию ҷаҳолат, зиёдаравӣ ва фирефтаи ҳизби мамнуи террористӣ экстремистии наҳзати исломӣ ва бархе аз гурўҳҳои фурсатталаб гардидани мардум ва уламои динӣ бо бегонапарастӣ, бесаводӣ ва аъмоли тахрибкорона буд. Дар ҳоле ки аъзои ин гурўҳ пайваста бо хурофоту таассуб баромад карда, ғаразҳои ҳизбӣ, гурўҳӣ, мазҳабӣ ва шахсиро манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ боло гузошта, ҷомеаро ба ихтилоф, ҷудоӣ ва хатару нооромӣ мувоҷеҳ месохтанд. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, душманони дохилӣ ва хориҷии кишвар бо сарвари саркардаҳои ташкилоти террористии наҳзати исломӣ байни минтақаҳои гуногуни он низоъ ва кинаву адоватро паҳн карданд. Дар натиҷа дар ҷумҳурӣ ҷанги шаҳрвандӣ оғоз  шуда, дар давлат бесарусомонӣ ва беҳукуматӣ ба вуҷуд омада, тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардиданд.

Муфассал...
 
Чоп

Терроризм бо таълимоти ислом мухолифат дорад

Терроризм бо таълимоти ислом мухолифат дорад «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Ин гуна нерӯҳо аз номи Ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои Исломро пиёда месозанд». Дар шароити кунунӣ, ки давраи ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳост, инсоният ба бисёр мушкилоти фаромиллӣ рӯ ба рӯ шудааст. Имрӯз ифротгароӣ яке аз масоили мубрам ва актуалии ҷаҳони муосир ба шумор рафта, ба яке аз мавзуъҳои доғ мубаддал шудааст, ки ҳар рӯз тавассути расонаҳо дар ин бора иттилоъ мегирем.Шояд имрӯз давлате вуҷуд надошта бошад, ки онро хатари терроризм таҳдид накунад. Ифротгароӣ ва терроризм яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд, ки дар ибтидои асри ХХI хусусияти ҷаҳониро касб карда, натанҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаи муайян, балки хатари умумиинсониро дар сайёра ба бор овардаанд.

Нозири сомонаи

Ҷамоати Шаҳристон                Қобилҷонзода Сабзина

Муфассал...
 
Сахифаи 130 аз 253