Чоп

-ВОХӮРИИ СОХТОРҲОИ ДАХЛДОРИ НОҲИЯ БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ЧИЛҲУҶРА

Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Шаҳристон дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони деҳаи Чилҳуҷра, Ҷамоати деҳоти Шаҳристон оид ба корҳои идеологӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Вобаста ба мавзуъ Муҳиддинов Боймурод - мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия ва  Шарипов Хуршед корманди шуъбаи КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Суратгузориш аз рафти вохӯрӣ.

 
Чоп

-ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ ИДИ САДА ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, ҳама сола дар саросари кишвари азизамон ҷашни Сада баргузор мегардад, Иди Сада 50-рӯз пеш аз ҷашни байналмилалии Наврӯзӣ аҷам ҷашн гирифта мешавад. ҷашни Сада ин ба хотири арҷгузорӣ ва риоя намудан ба суннату анъанаҳои ба аҷдодонамон хос мебошад. Ба ин хотир имрӯз дар назди Қасри фарҳанги ноҳия бо як шукуҳу шаҳомати хос Ҷашни Сада баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур и.в. Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтарам Ғафурзода Рабим, муовинони раиси ноҳия роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони корхонаву ташкилот ва сокинону ҷавонон ҳузр доштанд. И.в. Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтарам Рабим Ғафурзода дар суханроии хеш, тамоми сокинони ноҳияро бо ҷашни Сада табрик намуда, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории шаҳрвандони ноҳияро аз сиёсати пешгирифтаи Президенти маҳбубамонро арзёби намуданд. Дар чорабинии мазкур аз тарафи кишоварзони ноҳия махсулотҳои полезӣ, таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, техникаҳои хоҷагиҳои қишлоқ ва тухмиҳои зироатӣ ба намоиш гузошта шуд. Инчунин барои оғози кишти саҳрои техникаҳои соҳавӣ низ аз тарафи масъулин ба намоиш гузошта шуд.

Барои иштироки фаъолона ва омода намудани таоми беҳтарин ба роҳбарони корхонаву ташкилот ва ошпазон Сипоснома ва тӯҳфаи Раиси ноҳия супорида шуд.

Дар охир барномаи компазитсионӣ ва консертӣ пешкаши ҳозирин гардид

 

 
Сахифаи 25 аз 268