Чоп

-ИҶЛОСИЯИ ҒАЙРИНАВБАТӢ ДАР НОҲИЯ

12 декабри соли 2024

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи ғайринавбатии бисту дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия якчанд масъалаҳо оид ба интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

 
Чоп

 

САНҶИШИ СИТОДИ ОМОДАБОШӢ ДАР НОҲИЯ
Имруз дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Шаҳристон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш Эмомалӣ Раҳмон санҷиши омодабошии Ситод, қувваю воситаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарии ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур бо ҳамроҳии Раиси ноҳия муҳтарам Баҳодур Акрамзода, сардори Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини аввали Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-летинант Собирзода Эмомалӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, захираҳои сафарбарӣ ва сокинони ватандӯсти ноҳия иштирок намуданд.

 

 

 
Сахифаи 29 аз 268