Чоп

 

-Табрикотии Раиси ноҳияи Шаҳристон
муҳтарам Баҳодур Акрамзода бахшида ба
Соли нави мелодии 2025
Ҳамдиёрони азиз!
Бо дастоварду музаффариятьо ва комёбиҳои зиёд соли 2024 ьам сипарӣ гардида, мо Соли нави мелодии 2025-ро бо як ҷаҳон орзую ниятҳои нек, бо умеди таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боварӣ ба ояндаи нек истиқбол менамоем.
Бояд зикр намуд, ки соли 2024 барои тамоми сокинони кишварамон соли бобарор, вусъати иқдомҳои созандагию бунёдкорӣ, соли арҷгузорӣ ба хизматҳои бузург ва бебаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, дар ин соли таърихӣ мо ҷашни бузурги 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланд ва бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ таҷлил намудем.
Соли 2024 дар қабули меҳмонони олиқадр дар вилояти Суғд ва ба истифодадиҳии иншоотҳои ҷашнии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, муассисаи томактабии Кӯдакистони №1 ва бунгоҳҳои тиббӣ Шумо мардуми меҳнатқарини ноҳия низ дар баробари дигар кормандони касбу кори гуногун саҳми арзандаи худро гузоштед.
Ҳамдиёрони азиз!
Муҳимтар аз ҳама дар соли 2024 дар тамоми соҳаҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидем ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин гардида истодааст.
Дар давоми соли 2024 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободониву бунёдкориҳо дар ноҳия аз ҳисоби ҳоҷиён ва шахсони саховатпеша ба маблағи 3 млн 325 ҳазор сомонӣ, барои сохтмони ошхона дар назди якчанд муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳи тиббӣ ва мумфаршкунии роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ба роҳ монда шуд.
Дар ин радиф мо бо ғамхориву ҳидоятҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ барои боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳияи зебоманзари Шаҳристон кӯшиш намуда, ҷашни бузурги миллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нишондиҳандаҳои хуби меҳнатӣ пешвоз хоьем гирифт.
Умедворӣ онем, ки Соли нави 2025 ба марҳилаи навбатии болоравии худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва густариши корҳои созандагӣ ба хотири ободии Ватанамон табдил меёбад.
Бо чунин ниятҳои нек сокинони ноҳияро ба муносибати Соли нави мелодии 2025 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳатии бардавом, барори кор ва дар амалӣ гардидани нақшаву ниятҳои некатон комёбиҳо орзу менамоям.
Соли нав муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

 

 
Чоп

-ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН    ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН

 

28 декабри соли 2024 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Баҳодур Акрамзода тамошои дастаҷамъонаи пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.

Инчунин, тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилотҳо, муассисаҳои тандурустӣ, ҲХДТ дар нҳия, бонкҳо, маориф, фарҳанг, ЛКА-и ноҳия, Ҷамоатҳои деҳот, деҳаҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуд.

Бояд гуфт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар толори нави бинои Порлумони Тоҷикистон тавассути шабакаҳои телевизион ва радиои давлатии Тоҷикистон мустақиман пахш гардид.  Ҳамзамон тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетии марбут ба сохторҳои Кумита ҷараёни пахши мустақими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат амалӣ карда шуд, ки ҳамватанони бурунмарзии мо имкон пайдо карданд, тавассути он ин пахши муҳимро дар хориҷӣ кишвар низ тамошо кунанд.

Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Президенти мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар соли 2024 дар қиёс ба солҳои гузашта таҳлил намуда, дар баробари натиҷагирии солона ва таъкиди дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, вазифаҳоро барои сохторҳои давлатӣ ҷиҳати таъмини ҳаёти осоишта ва рушди давлат муайян намуданд.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, такмили қонуният, фаъолияти мақомоти ҳифзу ҳуқуқу тартибот, рушди соҳибкорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зан-модар, ҷавонон таъкид гардида, ба некуаҳволии шаҳрвандон, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангии миллӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва пос доштани анъанаҳои миллии ниёгон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар Паёмҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум сар карда, тӯли 24 сол аст, ки тараққиёти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангиро ҳаматарафа таҳлил намуда, вазифаҳои асосиро барои сохторҳои давлатӣ ва шаҳрвандони мамлакат муайян менамоянд. Паём ҳамчун барномаи давлатӣ нақшаҳои нави коргузориро дар назди масъулин мегузорад, ки иҷро гардидани он ҷомеаи Тоҷикистонро ба рушду тараққиёт роҳнамоӣ мекунад.

Роҳбарияти ноҳияи Шаҳристон, сохторҳо ва сокинони ноҳия аз Паём руҳу равони тоза гирифта, дар партави он баҳри амалӣ намудани нақшаву вазифаҳои дар пеш истодаашон барои соли оянда саъю кӯшиш менамоянд.

 

Навгонихо ( 28.12.2024 15:03 )
 
Сахифаи 28 аз 268