Чоп

 

КОНФЕРЕНСИЯИ XXVIII- УМИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИСТОН
24.09.2024 сол н.Шаҳристон
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон Конференсияи XXVIII-уми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон баргузор гардид.
Дар кори Конференсия Раиси ноҳия Баҳодур Акрамзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс Носирович ва Бобокалон Барно собиқадори меҳнат иштирок намуданд. Инчунин вакилон, собиқадорони меҳнат, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон ширкат варзиданд.
Кори Конференсия бо қироати суруди миллӣ оғоз гардида, баъд аз тасдиқи регламенти корӣ ҳисоботи фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон аз тарафи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо ба самъи ҳозирин расонида шуд.
Дар охир ба якчанд нафар собиқадорон ва аъзоён Сипосномаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон супорида шуд.

 

 

 
Чоп

 

ВОХӮРИИ СОХТОРҲОИ ДАХЛДОРИ НОҲИЯ БАХШИДА БА ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ СОЛИ 2024 "СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ" БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ ТИНИҚОЙ УСМОНУВАИ ДЕҲАИ САРОБӢ
25.09.2024сол н.Шаҳристон
Дар асоси нақшаи муштараки сохторҳои дахлдори ноҳияи Шаҳристон дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа бо сокинони маҳаллаи Тиниқой Усмонуваи деҳаи Саробӣ, Ҷамоати деҳоти Шаҳристон бахшида ба эълон гардидани соли 2024 ҳамчун "Соли маърифати ҳуқуқӣ" вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Ҳоҷимуродзода Ҷасур муовини Раиси ноҳия, Ҷӯраев Абдулазиз мутахасиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳия ва Ӯсаров Бобур муовини раиси Ҷамоати деҳоти Шаҳристон иштирок ва суханрони намуданд.

 

 

 
Сахифаи 8 аз 240