Чоп

Чи хеле, ки мову Шумо гувоҳи он ҳастем, ки яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳонӣ ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб рафта, ҷаҳони имрўза зери хатари он қарор дорад. Баъзе  гурўҳҳои бадахлоқи ҷомеа дар шабакаҳои интернети гапҳои бардурўғи худро нисбати давлату миллати тоҷик паҳн карда истодаанд, зеро онҳо якбор фикр намекунанд, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудаву бо нону намакиТоҷикистон ба воя расидаанд. Онҳо на фикри ватану на фикри ҷомеаро доранд. Худро ҳамчун мухбир муаррифи намуда, нисбати ҷавонон ва нисбати коркунони давлат суханҳои бад гуфта истодаанд, ба онҳо саволҳои разилонаи худро дода, лекин фикр намекунанд, ки оё худаш кисту чӣ касб дорад? Худ хоини миллат буда, Ватан надорад касбаш ватанфурўши мебошад.

Ин хоинони Ватан чунин суханҳои бардурўғ паҳн карда, мақсадашон аҳли ҷомеа ва ҷавононро гумроҳ кардан мебошад. Онҳо имрўз ба Ватани моя гон зарар расонида наметавонанд. Мо ҷавонони бо нангу номус ва аҳли ҷомеаи дурандеш дорем. Ин хоинони миллат ба таври пинҳони баромад намуда, бар ивази пули ночиз Ватану миллат, зодгоҳи худро фурўхтааст. Мо чунин гуфтанием, ки шумо кўрнамакон, хоинони миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба мақсади разилонаи худ намерасед.

Сардори  Амонатбонк                               Худоёрзода Акмал

 
Чоп

Дар олами муосир мавҷҳои гуногуни хосияти ифротию радикали дошта бо шаклҳои гуногун амал менамоянд, ки яке аз онҳо ин эктремизми сиёсӣ мебошад. Мафҳуми экстремизм аз забони лотини «extremes» гирифта шуда, маънои охирин, канораро дорад. – Фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани маусадҳои авантюристӣ, моҷароҷўии худ, зуригарии ҷисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ террор ва фитнаро истифода мебарад. Экстремизми сиёсӣ самти осоишти ҷомеаро халалдор намуда ҳалли зиддиятҳои сиёсиро дучанд гардонида, террорро васеъ истифода мебарад, ба тезу тундшавии зиддиятҳои байнимиллу кумак мерасонад ва вонамуд месозад, ки масъалаҳоро ҳал менамояд. Пеш аз он ки дар бораи созмонхои экстремисти сухан ронем аввал ба мафҳум, мақсади экстремизм назар бояд кард. Чихеле, ки маълум аст экстремизм дар шакли том пайрви намудан ба ақидаҳо ва ҳаракатҳои канорагирӣ маънидод карда мешавад, ки уатъиян қонун ва қоидаҳои дар ҷомеа бударо инкор менамояд .Читавре, ки дар боло қайд кардем сешакли экстремизм маъруфтар аст, ки инҳо мебошанд:

Дар маҷмўъ сабабҳо ва заминаҳои ҷараёнҳои экстремистӣ, аз ҷумла шакли мураккабтарини он –экстремизми сиёсиро тарзи ҳаёти одамон ва муносибатҳои сиёсии ҷомеаро ташкил медиҳанд. Омилҳои зиёде заминаи ба амалҳои канора, зўрии висмонӣ ва радикалӣ даст задани ашхоси гуногун ва неруҳои сиёсӣ мегарданд. Яъне шароити бади зиндагӣ, гурўснагӣ, қашшоқӣ, ноумедии омма ба оянда ва омилҳои дигари иҷтимоию иқтисодӣ бештар дар ташаккули ҷараёнҳои ифротӣ саҳм мегиранд. Инкишофи бўҳронии ҷомеа ба соҳаҳои гуногуни ҳаёт таъсири манфӣ мерасонад, одамонро ноумедиҳо фаро мегиранд ва омма аз мақоми иҷтимоии хеш бенасиб гашта, дар низоми навин ҷойи сазовор пайдо карда наметавонанд, ҳокимияти сиёсӣ фалаҷ мегардад, ки дар заминаи он арзишҳои маънавию ахлоуӣ ва сиёсӣ ҷомеа иваз мегарданд, ки таҳаввулоти мафкуравӣ ба амал меояд, ки муддати тўлонӣ дар ҳолати нокомӣ зистан ба одамон таъсир мерасонад, ки одамон дар асоси дарки манфиатҳои ҷомеа ба хотири беҳдошти сатҳи зиндагӣ, рўзгори хуби майишӣ ва ғ даст ба амалҳои иртивоӣ месозанд.

Он ҷиҳатро ба эътибор бояд гирифт, ки мафҳумҳои навъи мазкурро дар маънои гуногуну мухталиф истифода менамоянд. Масалан, дар як ҳолат истифодаи мафҳуми «экстремизми»- ро метавон ҳам дар маънои манфӣ ва ҳам дар маънои мусбат мушоҳида намуд. Дар маънои мусбат мафҳуми «экстремизм» - ро дар бештари ҳолатҳо худи намояндагони нерўҳои сиёсии марбути он истифода менамоянд. Масалан, дар яке аз муносибатҳояшон собиқ президенти Ҷумҳурии исломии Эрон А. Ҷумайнӣ бо мухбири ҷурнали «Ал- Алам» изҳор намуда буд, ки вай далелро дар бораи он ки Ҷумҳурии исломии Эрон «қисмати экстремизстии ҳаракати ҷаҳонии исломро» муаррифӣ менамоянд, рад намекунанд. Зеро «давлатњои бузург ва махсусан Ғарб бо шариконаш террористони аз ҳама бузурганд» ва ба муқобили онҳо фауат бо методҳои худи онҳо мубориза бурдан мумкин аст. «Мо чунин меҳисобем, ки фауат ҳаракатҳои экстремистӣ қобилиятӣ мууобилият ба деспотизм сиёҳи давлатҳои бузурги ҷаҳониро доранд ва ба он муваффау мешаванд. Аз ин хотир натанҳо муносибати экстремистии худро ба деспотизми глобалӣ инкор наменамойем, балки онро эътироф намуда, аз он ифтихор дорем» .

Ҷамолов Б.И.

 
Сахифаи 10 аз 240