Чоп

Тероризм ва экстремизм ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеа

Бо ба даст овардани Истиқлол давлатӣ мо ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудем, ки арзишмандтаринаш он Ваҳдати миллӣ ва сулҳи комил маҳсуб меёбад.

Яке аз зуҳуротҳое, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи рўзмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу ваҳдати миллӣ хатарнок аст, ин терроризим ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Барои дарк кардани моҳияти ин зуҳурот ба мо баррасӣ намудани таърихи пайдоиш, шаклгирӣ ва намудҳои он лозим меояд.

16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» имзо гардид. Мақсади асосии қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад: тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм; ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм; ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.

Муфассал...
 
Чоп

Хиёнат ба Ватан нобахшиданист!

Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳон бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст. Пешрафти илму техника албатта ёрии аввалиндараҷаи худро барои одамон мерасонад, аммо дар ҷомеа афроди бадтинате низ пайдо мешаванд, ки ҳамаи ин тараққиёту воситаҳои ёрирасонро барои манфиатҳои ғаразноки худ истифода мебаранд ва ҷомеаро ба нооромиву харобаҳо оварда мерасонанд. Албатта ин ҳама маҳсули кори як нафар ё ду нафар нест. Гурӯҳи одамоне ҳастанд, ки оромии халқро дида наметавонанд ва ҷомеаро ба нобудӣ оварда мерасонанд. Ин гуна афрод ҳатто падару модар, хоҳару бародар ва хешу ақрабояшонро дар роҳи ба мақсади нопоки худ расидан қурбон мекунанд. Мансаб барои онҳо аз ҳамаи наздиконашон боло меистад ва дар роҳи ба мансаб расидан ҳамаи онҳоро қурбон месозанд. Ин гуна шахсонро дар ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ бо номи нангини «террорист» мешиносанд ва ҳама нисбати онҳо нафрат доранд.

 

Омӯзгори МТМУ№8:                   Махкамова Н

Муфассал...
 
Сахифаи 127 аз 230