Чоп

Масулияти ватандорӣ

 

Устод Камол Насруллоҳ дар як мақолааш нигоштааст: “Оё эҳсос кардаед, ки воҷаи Ватан дар солҳои охир Тоҷикистони азизи мо беш аз ҳар вақта вирди забони мардум аст? Чаро? Зеро, масъулияти ватандорӣ дар дар давраи навини соҳибистиқлолӣ халқу миллати моро бештар фаро гирифтааст”. Дар идома метавонем биафзоем, ки воҷаҳои “Ваҳдат” ва “Истиқлол” низ имрӯз аз калимаҳои муҳимтарини ҳаёти мост, ки бештар аз ҳамеша ба асолати ин мафҳумҳои ватансоз ниёз дорем.

Тоҷикистон ватани ваҳдату ҳамгироиву истиқлоли ростин аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомали Раҳмон пайваста илқо месозанд, ки Истиқлол чароғи афрӯзандаи имрӯзу ояндаи ҷомеаи мост, ки бидуни он наметавонем бузургтарин ормонҳои миллии худро ба вусъатободи тараққиву пешрафтҳои беназир бубарем.

Cармутахасси бахши фарҳанг                         Ғозибекова С

Муфассал...
 
Чоп

Терроризим ва экстремизм падидаи номатлуби замони муосир

Терроризим ва экстремизм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷинояти вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гарав гирифтани мардум, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва ғайра корҳои ифротӣ мебошад.

Терроризим ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест. Он проблемаи асосии имрӯзаи муосир буда, махсусан ҷавононро ба ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи диннию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамояд.

Террористон ҷиҳодро муқобили калонсолону кӯдакон, ҳамдиёрону ҳамватанони худ эълон мекунанд.

Дар ин давраи ҳассос мо бояд бениҳоят ҳушёр ва эҳтиёткор бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу ваҳшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре ба роҳ монем, ки барои бекориву зоеъ рафтани вақти холӣ фурсат наёбанд.

Бештар ба ҳунармандӣ ҷалб гарданд то дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд.

Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу суботи кишвар мебошем.

Мудири шуъбаи иттилоот ва

таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар

ноҳияи Шаҳристон                                                      Муллоева Матлуба

Муфассал...
 
Сахифаи 156 аз 255