Чоп

Терроризм ва экстремизм яке аз масъалаи глобалист

 

Чих еле, ки медонем, имрӯз дар якқатор давлҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёнгаштааст. Дар бани аҳолӣ гуруснагӣ, бекорчигӣ ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ зиёд шуда истодааст. Аз ин рӯ дар ҷомеа терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳар вақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои дахшатноку бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст. Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро поймол карда зери по мекунад, нисбати онҳо бераҳмона рафторҳои худро анҷом медиҳад.

Ҳамин  тавр, омӯзиш ва таҳлили ҷинояти терроризм дар ҷаҳон аз он шаҳодат медиҳад, ки мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб  душвор ва тӯлони мебошад, мо бар зиддӣ он бояд якҷоя мубориза барем. Ба ҳилаю найранги он хоинон роҳгумзадагон бовар накунем. Онҳо хонасӯзон ва хоинони миллату ватан буда ҳаёти ҷавононро зери хатар қарор медиҳанд. Зи ин рӯ, мо набояд фирефтаи гуфторҳои онҳо набошем.

Ғоибова З.

Муфассал...
 
Чоп

Падидаҳои номатлуби замон

Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаи асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғу дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамояд.

Террористҳо гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд. Дар ҳар як сомонаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯи пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

Дар замони муосир сафи гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу камсавод  меафзояд ва ба назар мерасад, ки тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасони ба доми фиреб афтода кам нестанд ва онҳо ҷони худро бехабар аз мақсаду мароми рохбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳӣ аз асолати фарҳанги исломӣ ва камсаводӣ ҳамчун муҳимтарин омили гумроҳшавии ин ҷавонон аст.

Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳони ислом бетараф буда наметавонад, зеро даргириҳои Шарқи наздик ба Ватани мо низ таҳдид дорад. Душманони миллати тоҷик бо ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои оромикишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи телевизионҳо ба ҳалқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона карда шудааст, мавриди интиқом қарор медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ, аз ҷумла баъзе ҳизбу ҳаракатҳо “исломӣ”-и ватанӣ, ин чунин баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллити худ барангезанд.

Муфассал...
 
Сахифаи 158 аз 255