Чоп

Мубориза бар зидди хоинони Ватан

Чих еле, ки мову Шумо гувоҳи он ҳастем, ки яке аз падидаҳои номатлуби ҷаҳонӣ ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб рафта, ҷаҳони имрўза зери хатари он қарор дорад. Баъзе  гурўҳҳои бадахлоқи ҷомеа дар шабакаҳои интернети гапҳои бардурўғи худро нисбати давлату миллати тоҷик паҳн карда истодаанд, зеро онҳо якбор фикр намекунанд, ки дар Тоҷикистон таваллуд шудаву бо нону намакиТоҷикистон ба воя расидаанд. Онҳо на фикри ватану на фикри ҷомеаро доранд. Худро ҳамчун мухбир муаррифи намуда, нисбати ҷавонон ва нисбати коркунони давлат суханҳои бад гуфта истодаанд, ба онҳо саволҳои разилонаи худро дода, лекин фикр намекунанд, ки оё худаш кисту чӣ касб дорад? Худ хоини миллат буда, Ватан надорад касбаш ватанфурўши мебошад.

Ин хоинони Ватан чунин суханҳои бардурўғ паҳн карда, мақсадашон аҳли ҷомеа ва ҷавононро гумроҳ кардан мебошад. Онҳо имрўз ба Ватани моя гон зарар расонида наметавонанд. Мо ҷавонони бо нангу номус ва аҳли ҷомеаи дурандеш дорем. Ин хоинони миллат ба таври пинҳони баромад намуда, бар ивази пули ночиз Ватану миллат, зодгоҳи худро фурўхтааст. Мо чунин гуфтанием, ки шумо кўрнамакон, хоинони миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ ба мақсади разилонаи худ намерасед.

Ғоибова З.

 

Муфассал...
 
Чоп

ТЕРРОРИЗМ БА ЯГОН ДИН, МАЗҲАБ Ё МИЛЛАТ ХОС НЕСТ

Дар ин давраҳои ҳассос мо бояд ҳушёр ва зирак бошем. Ба насли ҷавон ва наврас тарзи ҳаёти солим, бидуни ҳар гуна ҷангу вахшониятро тарғибу ташвиқ созем. Таълиму тарбияро тавре бароҳ монем, ки барои бекорчиги фурсат наёбанд.

Бештар ба забономўзиву ҳунармандӣ ҷалб гарданд, то ки дар оянда тавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд. Ҳаргиз ба ваъдаҳои бардурўғи хоинон бовар накунанд.

Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд муттаҳид, якдил ва дастаҷамъ бошем, ба ивғои хоинон дода нашавем, тамоми кўшишҳоро ба харҷ диҳем, тоин ки Ватани худро аз зери таъсири душманон эмин нигоҳ дорем. Ба насли наврас ва ҷавонон фаҳмонем, ки ҷиҳоди мо ҳифзу ҳимояи Ватан, обод кардани он, хизмати падару модар, тарбияи фарзандон ва тарғиби некиву накўкорист.

Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин падидаи номатлуб мубориза бурда давлати худро посбонӣ мекунем.

Ғоибова З.

Муфассал...
 
Сахифаи 159 аз 255