Чоп

Кавкабони нурбори миллат

Ҷавонӣ беҳтарин, ширинтарин, хотирмонтарин ва дӯстдоштатарин айёми умри инсон аст. Дунёи даргузар сонияҳоро тай мекунад, пас, моро мебояд ба қадри ҷавонии хеш бирасем.

Устоди сухан, шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ чунмн мисраҳоро бовиқор ба қалам медиҳад: “Ало, эй соҳибони вақт, биштобед”. Оре, имрӯз замони он аст, ки бояд биштобем ва ба сӯйи ҳадафҳои созандаву ширини хеш қадамҳои устувор ниҳем. Вақте, ки ба калонсолон бо мароқ сухан мекунӣ, ба олами хаёлот ғарқ шуда, аз ҷавонии хеш ҳарф мезананд, зеро ба қавли онҳо, ҷавониро ёд кардан арзанда аст.

Дар зиндагӣ лаҳзаҳои беҳтарин ва ҳасосотарини инсон маҳз даврони ҷавонӣ мебошад, ки дар ин лаҳзаҳо шахсият ояндаи худро барпо мекунад. Ин айёми беолоишу пурталотумро на ҳар кас ҷолибу хотирмон мегузаронад. Бархе аз ҷавонон пойдевори мустаҳками худро барпо мекунанд ва ба қадру қиммати ин даврон мерасанд, аммо на ҳама онҳоянд...Идае аз ҷавонони мо ҳанӯз дарк накардаанд, ки ҷавонӣ зуд гузар асту чун дарё аз канорашон гузашта меравад.

Муфассал...
 
Чоп

Хизмат ба Ватан

Аз даҳон ва ҳусни баёни бо дар як вақт метавонад ҳазорҳо калимаҳо садо диҳад, вале ҳангоми калимаи Ватанро ба забон овардан бе ягон мамоният инсон тағйир меёбад ва ӯро кадом як ҳиссиёте аҷибе фарогир мешавад. Маконе, ки аз тавлид то ба охири умр зиндагӣ мекунӣ ва онро ҳифз менамоӣ воқеанд он барояд азизу маҳбубтар аз ҳама чиз мешавад. Замини таърихӣ, фарҳангӣ ва ободи худро дӯст надоштан худ имконопазир аст.

Миллати соҳибҳунар ва тамаддуновари тоҷикдар тӯли истиқлолияти хеш ба қуллаҳои баланди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ноил шуд, ки ин ҳама беназиртарин рӯйдод дар арсаи мамолики ҷаҳон маҳсуб меёбад. Ҳамон қадар амиқтар эҳсос менамоем, ки арҷманду азизии ватандории мо меафзояд ва рӯз аз рӯз рӯ ба беҳбудӣ меорад. Мо тоҷикони озод ва комилҳуқуқ барои ба даст оваранди қуллаҳои мурод камари ҳимат бубандем ва ба вати хеш маҳбубона хизмат намоем. Ба ибораи дигар, миллати тоҷик аз сухану панду андарзҳои гузаштагони худ, барои ободии Ватан бунёд намуд ва дар он хушбахтиро пойдор кардан замина гузошт.

Биё, эй ҳамватан, то ҷонфидои ин Ватан бошем,

Ба ҷон омодаи ҳар муддаои ин Ватан бошем.

Муфассал...
 
Сахифаи 154 аз 230