Чоп

Истиқлол неъмати бебаҳо

Пешвои миллат дар асари худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба ин мавзӯъ дахл намуда аз ҷумла чунин менависанд:

«Озодӣ ва истиқлол дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳуввият ва шарти бақои миллат ва пойдори давлат мебошад.Гузашта аз ин истиқлол  мазҳари идеалу ормонҳои таърих, шиносномаи байналмиллалӣ, замонати ҳастии воқеӣ ва шарофату эътибори ҷаҳонии миллат аст».

Муфассал...
 
Чоп

Пайравони  истиқлолу сулҳу ваҳдатем

31- сол муқаддам Тоҷикистони биҳиштосо Истиқлолияти худро ба даст овард. Гӯё ҳамон сол офтоб танҳо ба сари халқи тоҷик нур пошидааст. Хурсандии мардум ҳаду канор надошт, имрӯзҳо ҳамма аз дастовардҳои истиқлолият сухан мекунанду аз сулҳу оромӣ шукргузорӣ. Маҳз ин Истиқлолият самараи кори неки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Имрӯз вақти он расид, ки суханҳои Пешвои миллатро дар зиннаи авал гузорем. Истиқлолият ин шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Истиқлолият мақсаду мароми ҳар як қавму  миллат аст имрӯз, ки Худованд чунин неъмати бебаҳоро ба мо миллати тоҷик ато намудааст, ки ҳар яки моро зарур аст ба ҷоннисориву қаҳрамониҳои фарзандҳои бонангу номуси кишвар ба даст омадааст ба қадри ин расем ва онро чун гавҳараки чашм азизу гироми нигоҳ дорем. Боварӣ дорам, ки 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамоми мардуми сарбаланди кишвар бо як шукуҳу шаҳомати хоса дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои беназир пешвоз мегиранд.

Муфассал...
 
Сахифаи 174 аз 268