Чоп

Терроризм ва экстремизм хатари

сартосарии ҷомеаиҷаҳонӣ

Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балкӣ ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони саӣёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷӯҳи байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онро шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст.

Муфассал...
 
Чоп

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад…

Дар ҷамъият гурӯҳҳо ва нафароне мавҷуданд, ки тинҷию оромии кишвар ва мардум барояшон арзише надорад. Онҳо тайёранд аз хурофотпарастию бегонапарастии иддае аз мардум истифода карда, суботу оромии ин сарзаминро барҳам зананд ва соҳиби мансаб ва молу мулки муфт гарданд.

Хушбахтона, имрӯз давлати Тоҷикистон муқтадир аст ва ҳаргиз намегузорад, ки ин гуна ашхос ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд. Тири ин гуна ҷинояткорон ҳамеша хок хоҳад хӯрд, зеро чуноне Умари Хайём дар як рубоияш мегӯяд:

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,

Як бад накунад, то ба худаш сад нарасад.

Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман,

Ту нек набинию ба ман бад нарасад.

Муфассал...
 
Сахифаи 172 аз 240