Чоп

Хоинони кӯрнамак

Мо тариқи шабакаи иҷтимоӣ аз кору пайкори баъзе нохалафон огоҳӣ пайдо намуда, ба кирдору рафтори чунин нохалафон лаънат мехонем, зеро ҳар яки онҳо дар Тоҷикистон зода шудаву нону намакашро чашида ба воя расидаанд. Аммо сад афсус, ки ба намакдонаш туф карда истодаанд. Мо кирдору рафтори ин гуна нохалафонро маҳкум менамоем.

Ба ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон назар афканем, ба монанди ҷаннат аст. Ҳар як кас бо дидани боғу хиёбону гулгаштҳои ватани азизамон баҳра мебарад. Лекин ингуна гулу гулкорӣ ободу ободкорӣ ба хоинони миллати мо маъқул нашуда истодааст. Бинобар ин бар зидди давлату ҳукумат ва роҳбарияти олии кишвар ғаразона суханҳои бардурӯғ зада истодаанд. Ба ин суханони ғаразонаи онҳо тамоми қишри ҷомеа боварӣ надоранд, имруз миллати тоҷик сиёҳро аз сафед фарқ карда метавонанд.

Бар шумо хоинони миллат гуфтанием, ки шумо хоин, бешараф, бенангу беномус, беимон  ҳастед ва симои разилонаи шумо барин нобакорҳоро таърих ва миллати тоҷик ҳаргиз фаромӯш намекунад ва намебахшад.

Мо ҷавонони сарбаланд ҳар як амал, ҳар сухан ва кирдори ғайриинсонии шумоёнро ҳамеша маҳкум намуда, ба чунин нафарони дилсиёҳу иғвогар хиёнаткор ва ифротӣ бовар намекунем, аз шумоён нафрат мекунем. Мо ҳеҷгоҳин хиёнати ҳизби террористиро фаромӯш намекунем.

З. Ғоибова

Муфассал...
 
Чоп

Лаънат ба хоинони миллат

Имрӯзҳо хоинони давлат тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ нисбати давлати мо ҳаргуна суханҳоро гуфта истодаанд.

Имрӯз давлати мо давлати озоду обод аст.

Ҳар як шахс озодона кору фаъолият намуда истодааст. Аммо ин хоинони миллат, ватани озоду ободи моро дида натавониста бо ҳар гуна суханҳои ношоиста, обрӯву эътиборашро паст карданӣ мешаванд.

Таи солҳои охир кишвари моро зиёда аз 200-кишвари дунё ба расмият шинохт. Баъзе кишварҳо ҳатто таҷрибаи сулҳи тоҷиконро омӯхта истодааст. Дар муассисаҳои тандурустиву маориф ва дигар соҳаҳо пешравиҳо назаррасанд.

Барои ба чунин пешравию дастовардҳо ноил шудан саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас аст.

Ин фарзанди фарзонаи тоҷик давлатаамонро дар як муддати кӯтоҳаз вартаи харобшавӣ ва ҷангу ҷидолҳо наҷот дод. Аҳсан ба ин марди шуҷоъ!

М.Каримова

Муфассал...
 
Сахифаи 180 аз 268