Чоп

ҶАВОНОНУ НАВРАСОН ВА ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ.

Таҳлили сарчашмаҳо нишон медиҳад, ки бештар ҷавонон ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ қарор мегиранд. Бояд сабабҳои шомил гардидани онҳо ба ин ҳизбу ҳаракатҳо таҳлилу таҳқӣқ ва баррасӣ шаванд. Сабаби рух додани ин ҳодисаҳо пеш аз ҳама, дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи волидон ба мактаб, риоя нагардидани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошанд. Бачаҳо беназорат монда дар машғулияту дарсҳо ширкат намеварзанд ва рӯ ба корҳои ношоиста меоранд. Баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш ба харҷнамедиҳанд ва бе шуғли муайян ва касбу кор мемонанд. Одам аз бекорӣ ба ҳар кор даст мезанад. Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ касбу коре ё шуғле дошта бошад. Ҷавононе ҳастанд, ки аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд. Баъзе аз онҳо ба наъшамандӣ мубтало гардида ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамроҳмегарданд. Мо калонсолон бояд ҳамаи чораҳоро андешем, то ин амалҳои номатлубро пешгирӣ намоем.

Муфассал...
 
Чоп

«Сиёхӣ дар Сафедӣ»

Терроризм ва экстремизм вабои асри XXI рўз то рўз , соат ба соат. дақиқа ба дақиқа, лаҳза ба лаҳза аҳли башарро ба таҳлука гирифтор намуда истодааст. Дар ин гиру дорҳо, кашмакашиҳо, қатлу ғоратҳо, сўхтору вайронкориҳо чи суде барои мардуми мусулмон дорад?Аз оқибати гуноҳу гунаҳкорӣ андеша бояд кард! Ин оламу дунёи орому ободи худро чаро вайрон мекунанд? Чаро фирефтаи дурўғу ҳаваси бекасӣ мекунанд? Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки осмони софи моро абрҳои тира мехоҳанд пахш намоянду ба ҷои борони раҳмат, ашки ҳасрат аз фазо резонанд. Дунёи мо дунёи рангин аст, дар он ҳамаи рангҳои зебо муҷассаманд, ки аз ҳам дар зебогӣфизоянда. Ин ҳангом мо нагузорем ба рангинзамону рангинкамони мо ранги сиёҳҳамроҳгардаду онро тира созад. Ин ранги сиёҳу ин абри сиёҳтерроризм ва экстремизм аст. Мо нагузорем, ки решаи ин нохалафи инкишоф ёфта, бисабзад ва бо решаи осоиштагӣ пайваст бигардаду бисабзад. Мо аҳли олам якдасту якдил бар зидди мухолифем. Чашму дил, дасту по, ботину зоҳир,гўшу ҳуш, ҳасту нести худро пурра ва ҳар сў ҷониби амониву сулҳравона созем ва бо қатъияту боварии комилчашм сўи он мардони бероҳа дўхта, хитоб мекунем, ки«Мо бисёрем, мо яктанем, бо ҷон ба ҷонем бо аҳли оромиҷўи олам ва намегузорем олами куҳани навбунёди моро вайрон намоянд, ашки ҳасрати моро рўи миҷгони мо оранд. Мо аз лаб то ба лаб, аз ҷон то ба ҷон, аз по то ба по сўи оромием».

Муфассал...
 
Сахифаи 177 аз 268