Чоп

Ифротгароӣ хатар ба халқу Ватан

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷамеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин рӯйпӯшкардашудае аст, ки зӯран ғасб намудани ҳокимият, халадор кардани истиқлолият ва якпорчагии давлат бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона шудааст.

Дар акси ҳол, надонистани сарнавишти таърихи миллати худ, бехабаӣ ва насипосӣ нисбат ба мероси маънавӣ – фарҳангии он шахсро бо инкори ҳақиқат гузошта, ба бегонапарастию қадр накардани қиммати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад. Ифротгароӣ зарар ба худу халқи Ватани худ мебошад.

Яке аз омилҳои зуҳури ифрот ва ифротгароиро соҳибназарона дар масофаи холии инсон то ба маърифатнокӣ медонанд. Яъне замоне, ки инсон аз илму амали дуняви дур мешавад, даст ба кори дигар ва эътиқод ба ирода эҳсос медиҳад.

Душманони миллати мо мехоҳанд, ки айнан чунин ҳолат дар Тоҷикистон низ рух диҳад. Имрӯз хатари терроризм ва экстремизм дар кишварҳои Осиёи Миёна бараъло эҳсосмешавад. Мо бояд ҷавононро дар руҳияи ватанпарварӣ ва ахлоқи хамида, дӯст доштани халқу миллати худ тарбия кунем. Яке аз омилҳои муҳими мубориза бар зидди ифротгароӣ дарки аҳамияти омӯхтани фарҳанги миллӣ ва арзишҳои воқеии Исломӣ дар тарбияи ватанпарварӣ – руҳияи меҳнатпарастӣ мебошад.

Ҳаммаи бузургони адабиёти мо ба ватандӯстию ахлоқи пок инсониятро талқин кардаанд. Ҳар касс аз Ватани худ рӯй гардонад, нафратзадаву бенангу гомус халқу Ватан мебошад.

Паёмбарамон ҳазрати Муҳаммад дӯст доштани Ватан ва халқи худро борҳо таъкид кардаанд: - Ҳуббул Ватан, Ҳулббулбашар, ватани худро дӯст доре ва ризқу рӯзии худро аз он ҷо биҷӯед.

Дар калом панду ҳикмат ва ҳақиқат айният доранд. Агар инсон озодии иродаро эътироф кунад, ба аҳлу хирад такия менамояд. Шахси ахлоқӣ будан ва ваҳдати хираду эътиқод бармеояд.

Аз ин рӯ ҳушёрӣ ва зиракиву худшиносӣ метавонад аз омилҳои пешгирикунандаи ифротгароӣ шавад.

Муфассал...
 
Чоп

Терроризм ва экстремизм хатаре барои ҷаҳони муосир

Дар замони ҳозира расонаҳои васоити ахбори омма аз марказҳои асосии маълумотҳо буда барои тамоми инсоният маълумотҳои нав ба навро дастрас менамояд. Дар ҳамин гуна сайтҳои шабакавӣ яке аз хоинони миллат Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки дар зери дасти хоҷагони хориҷиаш меболаду мечарад. Аз эътиқоди динӣ мардум истифода бурда мехоҳад давлатро ноором ва нотинҷ созад. Инҳо ҳамон нафароне мебошанд, ки дар Ватан ба камол мерасанду нону намаки миллатро мехураду дар охир ба миллати худ хиёнат мекунанд. Дигаре аз ин хоини миллат Иҳом Ёқубов барин шахсиятҳои паси пардаи Ислом истода ҳар гуна ивщоангезӣ мекунанд. Ҳоло ин ки Ислом ба ягон ҳизб таалуқ надорад. Гуноҳе ки ин сагони миллат нисбати халқ ва Ватан мекунанд нобахшиданист. Яке аз шахсияти ватанфурӯш ва хоини давлати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ, ки сардори ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ бо номи ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, ки ин гуна шахсҳо аз паси пардаи ислом истода хунрезӣ ва амалҳои васуханҳои дурӯщи худ миллати тоҷикро дар назди башар бадном намояд ва худашонро бошад сафед мекунанд. Инидушманони тоҷик дини мубини Исломро аз этиқоди дини мардум истифода бурда мехоҳанд, ки давлатро ноором созанд. Лнкин ин хоинони миллат ба мақсад намерасанд зеро, ки имрӯз аз баракати Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони азизи мо хело бурдбориҳои назаррасеро ба сомон расонидаанд, аз ин лиҳоз Ватани маҳбуби мо тинҷу ором рӯз аз рӯз ободу зебо гашта истодааст. Барои ин мо ҷавонон бояд кӯшиш кунем, то ки ба кишвари мо ҳаргуна нохалафон даромада осоиштаги кишварро халалдор насозад.

Муфассал...
 
Сахифаи 173 аз 240