Чоп

Омилҳои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои

Террористиву экстремистӣ

Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ имрӯз амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои мусалмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти умумиҷаҳонӣ касб намудааст.

Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан пайравони гурӯҳи террористии ба номи “Давлати исломӣ” роҳҳи наву пуртаъсири таблиғу ташвиқро дар байни ҷавонон бароҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиғотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои  электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои пайдо кардани ҷойгоҳи  байналмилалии ин гурӯҳ ба ҳисоб меравад.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия                            Муҳиддинов Б

 

 

 
Чоп

Терроризм дар марҳилаи нав

Агар мо ба таърих назар афканем терроризм давраи дуру дарозро дар бар гирад ҳам, дар асри XX бори аввал дар таърихи башарият дар пешрафти манфиатҳои геополитикии миллатҳо, сиёсати дохилӣ ва муборизаи идеявӣ ба яке аз воситаҳои пурқувват табдил ёфтааст.

Дар асл таҳлили объективонаи падидаи терроризм тасодуфан душвор аст, чунки нақши терроризм дар сиёсати амалии давлатҳои бузургу пурнуфуз ва ҳамчунин кишварҳои рӯ ба тараққӣ хеле баланд гардидааст.

Асосан терроризм дар худ ба шакли мутамарказонидашуда амалан ҳама гуна зиддиятҳои замони имрӯзаро таҷассум кардааст. Ин гуна таркибӣ будани он метавонад дар худ ҳама гуна таркиботи динӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ наҷодӣ, фарҳангиро фароҳам овард. Маҳз аз ин ҷиҳат хеле мушки даст, ки аз паси зуҳуроти берунии амалиёти террористӣ сабаби ҳақиқии он мушоҳида шавад. Тамоми амалҳои террористӣ якояк чандин сабабҳои худро дорад. Чандин сабабу шароит болои ҳам зам мегарданд ва он ба вуҷуд меояд

Гургзода оқибат гург шавад,

Гарчӣ бо одамӣ бузург шавад.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия                            Муҳиддинов Б

 

 

 

 
Сахифаи 111 аз 230