Нақши бузурги омӯзгор
Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор,
Шавад тира аз бехирад рӯзгор
Омӯзгор шаҳсест, ки таълиму тарбияи насли наврасро ба ӯҳда дорад, масъулиятшинос мебошад. Омӯзгор воқеан пайваста худомӯзӣ мекунад ва барои шавқовару хотирмон гузаштани дарсаш ҷаҳду талош менамояд.
Психологи машҳури амрикоӣ А. Маслоу дар ин маврид чунин қайд намудааст: «Тамоми ҳаёти инсон омӯзиш аст, ҳар як шахс дар ҳаёти худ омӯзгор ва хонанда аст». Пас,омӯзгори асил онест, ки шогирдон сӯҳбати ӯро аз дигар машғулият болотар мегузорад ва ҳар монанд шудан ба ӯро мехоҳад. Дар ин бобат файласуфи Юнони Қадим Арасту мегӯяд: «Омӯзгор аз волидон афзалтаранд, волидон ба мо ҳаёт мебахшанд, омӯзгор ҳаёти хушбахтона».