Чоп

Ба Ватану миллат содиқ бошем

Аз хабарҳои ахир огоҳ шудем, ки гурӯҳе дар шаҳри Исфара ғайриқонуни гирдиҳамои ташкил намудаанд. Аммо онҳо пеш аз ҳама, бояд фикр мекарданд, ки ин гирдиҳамоӣ оромии ҷомеаро халалдор менамоянд ва боиси нооромии на фақат шаҳри Исфара балки тамоми минтақаҳои Тоҷикистон шуданаш мумкин аст. Мо мардуми Тоҷикистон он рӯзҳои сахту сангинеро, ки ба сари мардуми мо ҷанги шаҳрвандӣ ба бор оварда буд, аз сар гузаронидем ва онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард. Шукрона бояд кард, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи мо медонем, ки Ватани мо дар кадом вазъият қарор дошт, мардум нони хӯрданию либоси пӯшидани надоштанд, аммо барои сулҳу суботро барқарор намудан ҷаҳду талош менамуданд.

Муфассал...
 
Чоп

Экстремизм ва терроризм

Пайдоиши ифротгароӣ натиҷаи баланд шудани таъсири нуфузи хориҷӣ ба масъалаҳои дохилии ин ё он кишвар аст, ки намунаи барҷастаи он давлати Авғонистон мебошад. Ба воситаи паҳн намудани таълимоте, ки хилофи таълимоти анъанавии ислом аст, ҳизбҳои гуногун мехоҳанд, нооромӣ ва норизоиро байни ташкилотҳои динӣ ва мусалмонон ба вуҷуд оваранд. Чунин ҳаракатҳо ва ҳизбҳо, ба мисли «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати таблиғ», «Салафия», «Аҳмадия», ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди Тоҷикистон манъ шудааст, метавонанд, на танҳо вазъи диниӣ, балки вазъи сиёсиро дар мамлакат вайрон намоянд.

Муфассал...
 
Сахифаи 116 аз 253