Ақидаҳои дур аз ҳақиқат
Имрӯзҳо нерӯҳои экстремистиву террористӣ, ки дар берун аз кишвар дар хориҷ қарор доранд, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста фаъолияти худро давом дода истодаанд. Терроризм ва экстремизм дар замони ҳозира яке аз хатарҳои мудҳиш ба Истиқлолияти давлатӣ маҳсуб меёбад. Имрӯзҳо гурӯҳои террористӣ тариқи шабакаҳои интернетӣ ба яке аз манбаҳои паҳнкунандаи ғояҳои ифротгароӣ ва ҷалби мардум ба ҷангу ҷидол мубаддал гаштааст. Хусусан, таблиғгарони ифротгаро бо монанди М.Кабирӣ, М.Садриддин ва дигар мухолифон нисбат ба давлату ҳукумати кишварамон ва кормандони давлатӣ ақидаҳои дурӯғу бофта ва ғаразнок вобаста ба маъсалаҳои муноқишаи байни Қирғизистон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва баланд шудани нархҳоро асоснок кардани мешаванд ва мақсадашон мардумро ба шурӯ овардан ва ҷой кардани ақидаҳои ифротии худ мебошанд.