Терроризм ва экстремизм
Имрӯзҳо ҳамаи мову шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мегардем, ки Муҳиддин Кабирӣ бо дурӯғу бӯҳтонҳои худ худро ҳамчун ғамхори миллат муарифӣ карда, бештар ба мушкилоти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори назар мекунад. Ин гуна шахсони миллатфурӯш мехоҳанд давлати тоҷикро бо ҳар гуна дурӯғҳо ва фитнаангезиҳо пош диҳанд ва мехоҳанд ба иқтисодиёт ва сохти конситутсионӣ барҳам диҳанд. Аммо, ки имрӯзҳо симои аслии хоинони миллат ва мардуми кишвари Тоҷикистон онҳоро ҳамчун як нафари хоин ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Ҳар як амали террористие, ки дар ин ё он гӯшаю канори дунё ба вуқуъ мепайвандад бо мададу дастгирии хоҷагони хориҷи амали мегардад. Ба навиштаву гуфтаҳои беасоси хоинони миллати тоҷик, ки мудом дар шабакаҳои интернети нисбати давлату миллат, садо медиҳад бо далелҳои мушаххас ва суханҳои таъсирбахш вакуниш намоем.