Терроризм ва экстремизм
Ҷаҳони имрӯз зери хатари ҷиддии падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм қарор гирифтаст. Ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеъаи ҷаҳонро ба ташвиш оварда, аксаряати давлатҳои сайёра эълон кардаанд, ки мо бар зидди ин зуҳурот, яъне терроризму экстремизм мубориза мебарем. Айни замон гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани ғаразҳои сиёсии худ фаъолият доранд ва мақсади асосии онҳо ноором сохтани давлат ва бо роҳи зӯри ба сари ҳокимят омадан мебошад. Гурӯҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшиёнаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад. Сабаб ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ миллӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани ин гурӯҳҳои ифротгаро мегардад.