Чоп

-МАРОСИМИ САВГАНДЁДКУНИИ НАВАСКАРОН

09.05.2025с н.Шаҳристон

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон дар назди Парчами давлатӣ маросими савгандёдкунии наваскарони қисми ҳарбии 03040-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Раиси ноҳияи Шаҳристон муҳтарам Ғафурзода Рабим ва Ҳафиззода Парвиз Ҳакимшо командири қисми ҳарбии 03040 иштирок ва суханронӣ намуданд.

Инчунин, дар маросими савгандёдкунӣ волидайни сарбозон, иштирокчиёни сохти конститутсионӣ, ҷанговарони байналмилал ва сокинон иштирок намуданд.

 

 
Чоп

-КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА"

09.05.2025 сол н.Шаҳристон

Имрӯз ҷиҳати иҷрои қарори Раиси ноҳияи Шаҳристон аз 1 майи соли 2025, №201 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории ноҳиявӣ” вобаста ба фаҳмонидани моҳият ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15.04.2025, №2163 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 15.04.2025, №2164 ба сокинони ноҳия бо усули «Хона ба хона» сӯҳбату вохӯриҳо ташкил ва гузаронида шуд.

Корҳо дар ин самт идома дорад

 
Сахифаи 14 аз 268