Чоп

Душманони миллат ба мақсад нахоҳанд расид

Гурӯҳҳои ифротӣ ва душманони мазҳаби ҳанафӣ ифрот ва ситезаҷӯйиро таблиғу ташвиқ намуда, ҳаргиз дар пайи таълимоти динимубини ислом нестанд, балки бо шеваҳои мухталиф ва усулҳои террористона ва экстремистонаи хориҷӣ бархе аз неруҳои ҷавононро бо роҳи фиреб ба манфиати худ истифода бурдан мехоҳанд, аммо мусаллам аст, ки тири ин гуна дастаҳои манфиатҷӯи ифротӣ ҳаргиз ба ҳадаф нахоҳад расид.

Раиси  КИ ҲХДТ

 

дар н.Шаҳристон                                Ҳабибуллозода Ш.

Муфассал...
 
Чоп

Кавкабони нурбори миллат

Ҷавонӣ беҳтарин, ширинтарин, хотирмонтарин ва дӯстдоштатарин айёми умри инсон аст. Дунёи даргузар сонияҳоро тай мекунад, пас, моро мебояд ба қадри ҷавонии хеш бирасем.

Устоди сухан, шоири зиндаёди тоҷик Лоиқ Шералӣ чунмн мисраҳоро бовиқор ба қалам медиҳад: “Ало, эй соҳибони вақт, биштобед”. Оре, имрӯз замони он аст, ки бояд биштобем ва ба сӯйи ҳадафҳои созандаву ширини хеш қадамҳои устувор ниҳем. Вақте, ки ба калонсолон бо мароқ сухан мекунӣ, ба олами хаёлот ғарқ шуда, аз ҷавонии хеш ҳарф мезананд, зеро ба қавли онҳо, ҷавониро ёд кардан арзанда аст.

Дар зиндагӣ лаҳзаҳои беҳтарин ва ҳасосотарини инсон маҳз даврони ҷавонӣ мебошад, ки дар ин лаҳзаҳо шахсият ояндаи худро барпо мекунад. Ин айёми беолоишу пурталотумро на ҳар кас ҷолибу хотирмон мегузаронад. Бархе аз ҷавонон пойдевори мустаҳками худро барпо мекунанд ва ба қадру қиммати ин даврон мерасанд, аммо на ҳама онҳоянд...Идае аз ҷавонони мо ҳанӯз дарк накардаанд, ки ҷавонӣ зуд гузар асту чун дарё аз канорашон гузашта меравад.

Муфассал...
 
Сахифаи 17 аз 93