Чоп

Ақидаҳои ифротӣ ба ҷавонони мо хос нест!

Терроризм ва ифротгарои зуҳроти номатлуб буда, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ муқобили башарият таҳдиду хатарҳои фоҷиаангез оварда истодааст. Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, ба оромиву осудагии инсоният дар асри ХХ1 хатари ҷиддӣ пайдо мекунад.

Роҳбарони гурӯҳҳои ифротӣ ба ҳилаву найранг ва тахрибкориҳои худ ба ҷавононӣ гумроҳшуда ваъдаҳои зиёд дода, ҳаёташонро барбод медиҳад.

Мутаассифона, ҳолатҳои ба таври ноогоҳ бо аҳли хонавода ва оила ба минтақаҳои ҷангзада рафтани онҳо ҷой доранд. Онҳо асосан муҳоҷирони меҳнатие мебошад, ки кишварҳои хориҷӣ ба доми фиреби гурӯҳҳои ифроти афтода, ба гирдоби ҷанги беъмани ғарқшуда фиристода шудаанд.

Аксари аъзоёни наҳзат сари вақт хатои худро дарк намуда, таркиузвияти ҳизб карданд. Онҳо фаҳмиданд, ки ҳадафи фаъолияти ин ҳизб на ба рушди кишвар аст, балки ба харобкориву бесаросомонӣ овардони ҷомеа имрӯза мебошад.

Имрӯз мардуми соҳиб фазилатӣ тоҷик сафедро аз сиёҳ фарқ кардаанд, ва ҳег гоҳ ба ваъдаву амалҳои дурғини хоинони миллат дода намешаванду бовар ҳам намекунанд.

Сармутахасси бахши фарҳанг                         Ғозибекова С.

Муфассал...
 
Чоп

Истиқлол неъмати бебаҳост

Истиқлол  ин яке аз волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷик мебошад, ки 25-сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин ҳодисаи фаромӯшнашаванда аввали моҳи сентиябри соли 1991 ба вуқӯъ пайваст ва 9 сентябр  расман  Рӯзи Истиқлоли Ҷумҳрии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то ин имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муққадас маҳсуб мешавад.

Зикр бояд кард, ки дар даврони Истиқлоли  давлати ҷавони тоҷикон дар байни мамолики аҳолияш мусалмон ва умуман ҷомъеаи ҷаҳони муосир мавқеъ ва манзалати хос пайдо намуд. Суханрониҳои Президенти мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ- Пешвои миллат дар ҷаласаҳои бузурги байналхалқии давлатҳои  аъзои Конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии сарвари давлати мо аз покизагии дини мубуни ислом бо терроризму экстремизми байналмилаӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо мамолики гуногуни олами ислом аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз  Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму оини милли риоя мегарданд. Самари неки истқлол ҳамин аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.

Қадамҳои аввалини Истиқлол  боҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки он  аз ҷониби ТЭТ ҲНИ  роҳандозӣ шуда, яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион  гуреза ва беш аз 10 миллиард ба буҷаи зиён расонид. Ҷангу талошҳои ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта тамоми фишангҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раҳҳои аз инҷанг ва расидан ба истиқрори сулҳ ва Ваҳдати миллӣ талошҳо мекарданд. Сипас талошу заҳмат, ва ҷонфидоиву ҷоннисориҳои  Пешвои миллат 27 июни 1997 «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифин имзо гардид ва он рӯзи муборак  Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон шуд

Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф иқдомоти ҷиддиеро роҳандозӣ карда, ислоҳот ва навсозиҳоро босуръат пеш бурда истодааст. Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвадоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, боло афзуда истодааст.

Аз ин рӯ мо тоҷикон бояд шукргузорӣ аз он намоем, ки Худованд баҳри мо чунин Ватани азаизу маҳбуб ва ободу зеборо ато намудааст, ки мо бояд барои  боз ҳам машҳуртар гардидани ин давлати соҳибистиқлол ҳиссаи худро гузошта зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

 

Мутахасиси пешбари бахши дин:                            Юнусов Носирҷон

Муфассал...
 
Сахифаи 182 аз 268