Чоп

Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуби

замони муосир

Дар ибтидои асри ХХI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гаштааст, ки номи он «Терроризми байналмилалӣ» мебошад.

Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Имрӯз дар як қатор давлатҳо ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.

Ифротгароӣ дар кадом шакл набошад, онро мо қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.

Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби набудани ҷойи корӣ аксарият дар хориҷи кишвар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ки яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистӣ мебошад.

Вобаста ба гуфтаҳои боло Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои асосии худ қарор дода, дар ин самт тадбирандешӣ намуда истодааст.

Дар баробари ин соли 2007 қонун дар бораи мубориза бар зидди экстремизм қабул шудааст, ки дар он низ мақсади қабули қонун мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремисти, субъектҳои муборизабаранда, масъулияти дигар сохторҳо дар мубориза бар зидди терроризм дарҷ гардидааст.

Раиси Ҷамоати

деҳоти Шаҳристон                           Ёқубзода У.

Муфассал...
 
Чоп

Терроризму экстремизм хатари

воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонист!

Терроризм чун вабои асри 21 имрӯз тамоми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст.

Имрӯз нисбат ба гурӯҳ ва ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, ки бо истифода аз номи дини мубини ислом, ки дини поку таҳаммулгароист, ба амалҳои террористӣ даст мезананд, хуни ноҳақ мерезанд ва оромию осоиштагӣ ва суботи ҷомеаи башариро халалдор менамоянд, муборизаи оштинопазир бояд бурд.

Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро шомил шудани ҷавонон ва занону духтарон ин дарди ҷонсӯзи миллат аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро дар тасаввуроти ҷавонони мо тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи терроризм ва экстремизм ҷалб менамоянд.

Бояд мо ҷавонон таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоем, ки фирефтаи ҳаргуна гурӯҳҳои ифротгарона нагардем. Террорист, ки шахси бегуноҳро аз ҳаёт маҳрум месозад, ҳеҷ гоҳ мусалмон буда наметавонад ва кулан зидди исломаст.

Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро басӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, онҳо дар воқеъ ба шаъну эътибори дини ислом иснод меоранд ва онро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад аз дини ислом бо ғаразҳои нопоки хеш истифода барад.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои бемантиқӣ худ занону духтарон ва ҷавононеро, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва аз афкори дурусти ислом пурра огоҳӣ надоранд, ба сӯи ифроту ифротгароӣ ҷалб менамоянд. Бинобар ин имрӯз дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносию худогоҳӣ тарбия кардани насли ҷавон, шукри субботу оромӣ кардан ва ба рои ваҳдати ҷомеа талошдоштану бегонапарастӣ накардан яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеаи мо дониста мешавад.

Мутахассиси пешбари бахши

кор бо занон ва оилаи ноҳия                            Н.Абдуназарова

Муфассал...
 
Сахифаи 186 аз 268