Таърихи пайдоиши экстремизм ва терроризм
Экстремизм (ифротгароӣ), террор ва терроризм ҳанӯз хеле барвақт, пеш аз пайдоиши ин мафҳумҳо ба вуҷуд омадаанд. Соли 2001 бостоншиноси ангилис бо ҳамкории криминалистон ҷиноятеро ошкор намуданд, ки 4 азор сол пеш содир шуда буд, ҷисми мумиё шудаи Фиръавнро, ки дар синни 18-солагӣ дунёро тарк карда буд, таҳқиқ намуда олимон дар пушти косахонаи сари ӯ чуқурчаеро пайдо карданд, ки бар асари бо кадом чизи сахт задан пайдо шудааст ва маҳз ҳамин зарба Фиръавнро ба марг расонидааст.
Дар натиҷаи тадқиқоти сарчашмаҳои зиёд олимон ба хулосае омадаанд, ки Фиръавнро мушовири ӯ бо ёрии асои шоҳӣ ба қатл расонидааст. Ин корро мушовир бо ёрии сарлашкари артиши Фиръавн анҷом додааст.
Бо роҳӣ зӯрӣ кушта шудани Фиръавни мисрӣ аввалин ҳодисаи дар таърих сабтшудаиқатли ҳодими давлатии сатҳи баландтарин мебошад.
Дар асри I пеш аз мелод дар бораи гурӯҳи сиёсии яҳудиён бо номи «зелотҳо», ки бо воситаи методҳои террор барои худмухтории Фесалония ба муқобили римиҳо мубориза мебурданд маълумотҳо вуҷуд доранд.
Дар солҳои 60-70 асри I мелодӣ гурӯҳи мутаассибони дини яҳудия «сикориҳо» барои сарнагун намудани ҳокимияти сиёсии римиҳ аз шеваҳои террористӣ истифода менамуданд. Истилоҳи “сика” аз ханҷари кӯтоҳ ба вуҷ уд омадааст.
Сикориҳ о дар рӯзи равшан одатан дар вақтҳ ои серодами кӯчаҳою бозорҳ о, дар рӯзҳои ҷашн бо истифода аз ханҷари кӯтоҳ амалиёти террористӣ анҷом медоданд, ки ҳадафи сиёсӣ доштанд.
Сармутахассиси шуъбаи рушди
иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи
дастгоҳи Раиси ноҳия Шаҳристон Муҳиддинов Б

.jpg)