Чоп

Терроризм дар марҳилаи нав

Агар мо ба таърих назар афканем терроризм давраи дуру дарозро дар бар гирад ҳам, дар асри XX бори аввал дар таърихи башарият дар пешрафти манфиатҳои геополитикии миллатҳо, сиёсати дохилӣ ва муборизаи идеявӣ ба яке аз воситаҳои пурқувват табдил ёфтааст.

Дар асл таҳлили объективонаи падидаи терроризм тасодуфан душвор аст, чунки нақши терроризм дар сиёсати амалии давлатҳои бузургу пурнуфуз ва ҳамчунин кишварҳои рӯ ба тараққӣ хеле баланд гардидааст.

Асосан терроризм дар худ ба шакли мутамарказонидашуда амалан ҳама гуна зиддиятҳои замони имрӯзаро таҷассум кардааст. Ин гуна таркибӣ будани он метавонад дар худ ҳама гуна таркиботи динӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ наҷодӣ, фарҳангиро фароҳам овард. Маҳз аз ин ҷиҳат хеле мушки даст, ки аз паси зуҳуроти берунии амалиёти террористӣ сабаби ҳақиқии он мушоҳида шавад. Тамоми амалҳои террористӣ якояк чандин сабабҳои худро дорад. Чандин сабабу шароит болои ҳам зам мегарданд ва он ба вуҷуд меояд

Гургзода оқибат гург шавад,

Гарчӣ бо одамӣ бузург шавад.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия                            Муҳиддинов Б

Муфассал...
 
Чоп

Ватансозу Ватаннозу Ватандор

Тоҷикистон ватани ваҳдату ҳамгироиву истиқлоли ростин аст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста такид месозан, ки Истиқлол чароғи афрӯзандаи имрӯзу ояндаи ҷомеаи мост, ки бидуни он наметавонем бузургтарин ормонҳои милли худро пиёда созем ва Тоҷикистони азизи худро ба вусъатободи тараққиву пешрафтаҳои беназир бубарем.

Бо даъвату ҳидоятҳои беназири ваҳдати мо – Президенти маҳбуб Ватани мо ҳолиё Ватани Наврӯз аст, Ватани Сулҳ аст, Ватани гулҳову обҳову чаманҳои мубаррост. Бо чун ормони болову дуои неки модарона, орзу мекунам, ки ҳаммаи мову шумо бо саломативу тавфиқу фархундагӣ ва қудрати ҳамагонӣ барои бунёди бинои мӯҳташами фардои Ватан даст ба даст дӯш ба дӯш ҷон ба ҷон ҷаҳд варзем.

Ватан

Биё, ваҳдатнамо бошем, имрӯз,

Сараҳбори сафо бошем, имрӯз,

Ватансозу ватаннозу ватандор,

Ватанро муттако бошем имрӯз,

Ҳама як дил, ҳама ҷону як руҳу як ҷон,

Ба дарди ҳам даво бошем, имрӯз.

Ба фардоҳои масъуду мунаввар,

Раҳораҳ раҳкушо бошем, имрӯз,

Ало, эй модарони Тоҷикистон

Дуои андар дуо бошем, имрӯз

Ҳамовозу ҳамафкору ҳамомол,

Ба гирди Пешво бошем, имрӯз.

Сармутахасси бахши фарҳанг

Муфассал...
 
Сахифаи 185 аз 268