Чоп

Терроризм ва Экстремизм

Терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир ва фазои иттилоотии он яке аз мавзӯъҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Зуҳуроти ниҳоят хатарноки ҷаъмиятию сиёсӣ ва ҷиноятие, ки терроризму экстремизм  ифротгароиро ифода мекунанд, амалҳои террористӣ дар заминаи ҷиноятӣ, зуҳуроти ифротгароии миллатгароӣ, ифротгароии динӣ, ки ба амнияти ҷаҳон ва башарият таҳдиди ҷаҳонишавӣ доранд, имрӯз ба як мушкилии бузург табдил ёфтааст. Дар бисёр кишварҳои ҷаҳон аллакай даҳҳо ҳазор таркишҳои террористӣ  ба вуқӯ пайвастааст.  Силсилаи ҳамлаҳои террористи аз охири солҳои  90-ум дар қаламрави Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Русия, Испания, Фирансия ва дигар давлатҳо аз рӯи оқибатҳои худ бесобика аст, нишон дод ки механизмҳои муқовимат бо терроризм дар аксари кишварҳои ҷаҳон ҳоло ба сатҳ ва хусусияти таҳдиди террористӣ муқовимат намекунанд. Дар айни замон, муқовимат ба таркишҳои  террористӣ  вазифаи маҳалли як кишвар  нест ва мушкили воқеан миқиёси ҷаҳони мебошад. Қобили зикр аст, ки терроризм ҳам ба кишварҳои пешрафта  ва ҳам ба кишварҳои дар маҳалаи ислоҳот ва ташаккул қарордошта дахл дошта, ба амнияти миллӣ хатари азим доранд.

Дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХ1 ҷаҳон бо афзоиши  ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шудааст, ки на аз ҷиҳати  муборизаи амалӣ бо ин падидаҳо ва на аз нигоҳи фаҳмиши назариявии онҳо комилан омода нест.

Терроризм ин ҷинояти вазнин аст, ки гурӯҳи муташаккили одамон бо роҳи зӯроварӣ ба ҳадафҳои худ расидан мехоҳанд. Аксаран вақт қурбони терроризм одамони бнгуноҳ, аз ҷумла кӯдакон мешаванд.

Террор тарсонидан, саркӯб кардани мухолифон, зӯроварии  ҷисмонӣ, то ба ҳалокати ҷисмонии одамон бо роҳи содир намудани амалҳои зӯраворӣ масалан (куштор, оташзанӣ, таркишҳо гарвагонгирӣ одамон) мебошад. Аз ин рӯ, терроризм яке аз шаклҳои ифротгароӣ мебошад. Калимаи “террор” дар лотини маънои “даҳшат”- ро тарсонидан ба ҳукми қатл, куштор ва ҳама даҳшатҳои ифротгароӣ дорад. Террористон одамони бенияоят бераҳм ҳастанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳ моро тарсонанд, одамонро ба гаравгон мегиранд дар ҷойҳои серодам таркиш мекунанд, силоҳ ба кор мебаранд.

Нозири сомонаи

Ҷамоати деҳоти Шаҳристон

 

Қобилзода Сабзинаи Қобил

Муфассал...
 
Чоп

ИФРОТ  ОФАТИ  БУЗУРГ  АСТ

Навгароёни ифротӣ, ки аз падидаи навгорӣ сӯистифода менамоянд, андешаи онро надоранд, ки ҷомеаи ҷаҳониро бо амалҳои мудҳиши террористиашон ба як проблемаи сангини иҷтимоӣ дучор месозанд. Воқеан ин доғи сиёҳест, ки дар саҳифаҳои таърих шум будани симои худро дарҷ месозад.

Мутаасифона, ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ номи исломӣ гирифта, барои зиёд намудани сафи хеш бо пурқувваттарин техникаву технологияи ҳозиразамон муҷаҳҳаз мебошанд. Пас, маърифати пасти ҳуқуқӣ ва динии ҷавонон боис мегардад, ки қурбони ақида ва идеологияи ботили онҳо гарданд.

Надоштани саводи кофӣ оид ба таълимоти динӣ исломро аз худогоҳ набудан хабардор месозад ва боиси гумроҳиву даст задан ба ҷиноятҳои ниҳоят вазнин мегардад. Симои ифротгароёне, ки ба роҳи ҳақ даъват менамоянду аммо аз аҳли ҳақ нестанд, набояд афроди оқилро шомили атрофии хеш гардонанд.

Ба рафтору кирдор ва амалҳои ин номардоне, ки хиёнат ба дину  ба Ватану миллат ва фарҳанги хеш кардаанд назар андозем, чӣ мебинем. Танҳо куштор асту хунрезӣ, ғорату тасарруф ва зулм бар занону кӯдакон. Оё ин ба фармудаҳои дини поки муқаддаси ислом мувофиқат менамояд. Чаро симои зоҳирии онҳо зебу зиннати исломӣ дораду лекин ботинашон кирдорӣ ҷиноӣ.

Куштор, ғорат, тасарруф, бераҳмӣ амалҳои бадкоронае мебошад, ки дини муқаддаси ислом онҳоро мансух сохтааст. Зеро дини мубини ислом хурофот нест, балки маҷмӯи қонунҳои комил ва барномаи фарогири илоҳӣ мебошад. Пас, ин афроди мансабхоҳ тамоми арзишҳои диниву дунявии худро нодида гирифта,  шукрона ба неъматҳои фаровони Худованд ва тинҷиву амонӣ намекунанду барои расидан ба ҳадафҳои сиёҳу талхи ғаразноки худ мубориза мебаранд. Бо ин фаъолиятҳои ноҷавонмардонае, ки ҳамарӯза анҷом медиҳанд, танҳо дар миёни уммати ислом парокандагиву озурдадилиро ба вуҷуд меоваранд. Ин гурӯҳҳои манфиатхоҳ таҳтид ба суботу амният ва тинҷии кишвар намуда, дар миёни инсонҳо тухми низоъ мепошанд.

Оё дар исломи онҳо тарс аз Худо вуҷуд надошта бошад, ки ҳамеша ба зулму ғорат ва тарсонидани мардум машғуланд.

Мутахассиси бахши кор

бо занон ва оила                             Муллоева С.

Муфассал...
 
Сахифаи 187 аз 268