Чоп

Мафҳуми терроризм-экстремизм

Терроризм ва эксиремизм яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, тахдид ё истифодаи зӯраворӣ, барангехтани низои миллӣ, иҷтимои ва динӣ гардидааст. Терроризм оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад. Бесабаб нест, ки имрӯз масъалаи мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб боиси ташвишу нигарониҳои ҷамеаи башарӣ гардида истодааст. Таълимоти исломи аз барномаҳои ҷараёнҳои ифроти фарсаҳҳо дур аст ва он ба исломи ҳақиқӣ алоқамандие надорад. Ҳамин тавр, яке аз ҷиҳатҳои фарқкунандаи терроризми замони муосир дар он аст, ки террористон минбарҳои васоити ахбори умумро баҳри тарғиби ҳадафҳои хеш қарор дода истодаанд. Бо дарки масъулияти баланди  ватандориву  ватандӯстӣ бояд аҳли ҷомеа имрӯз муттаҳидтар гардида, баҳри шукуфоии бештари кишвари маҳбубамон ҷаҳду  талош намоем.

Махзан пуркунии китобхонаи

марказии ноҳия                                        Р. Мӯминова

Муфассал...
 
Чоп

 

Терроризм -вабои аср

Имрӯз ҳодисаҳои мудҳиши дар кишвари ҳамсояи Афғонистон баамаломада моро як бори дигар хушдор медиҳад, ки вақеан терроризм вабои аср ва ҳузури он боиси хонахаробиву саргардони инсоният мегардад.

Аз шабакаҳои иҷтимоӣ роҷеъ ба ҳаводиси ин  кишвари бангзада мехонаму базорон шукр мегӯям, ба сулҳу субот ваоромиву амнияти кишварамон. Шукр мегӯям ба ваҳдату иттиҳоде, ки дар саросари мамлакати мо хукмронӣ дорад. Воқеан, ҷанг дарду андӯҳ аст, ғам аст ва бештар аз ҳама мо, модарон аз нофаҳмиву ҷангу ҷилолҳо ранҷ мебинем.

Имрӯз гоҳе мо фарӯмӯш мекунем, ки шабҳо дарвозаи ҳавлии хешро қулф занем. Ин албатта аз он аст, ки мо хотири ҷамъу ба давлат ва муҳофизони он эътимоди комил дорем.

Дар саросари ҷаҳон имрӯз терроризмро бо содир намудани амалҳое мешиносанд, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, беҳтарин ҷамътятиро вайрон карданӣ иншаванд. Бешак, террористон мехоҳанд мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроворӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созад. Террор карда, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Мо, ҷавонон терроризм ва экстремизмро шадидан махкум менамоем. Инчунин, барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо хамеша омодаем.

Библиографи китобхонаи

марказии ноҳия                                  П. Эргашева

Муфассал...
 
Сахифаи 181 аз 268