Чоп

Шабакаҳои иҷтимоӣ- яке аз омилҳои гумроҳсозии ҷавонон

Омилҳо ва ангезаҳои гароиши ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муҳаққиқону таҳлилгарони масоили динӣ-сиёсӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ, камбизоатӣ, камдонишӣ, надоштани ҳуввияти миллӣ, шабакаҳои телевизионии моҳвораӣ ва ғайра  мебинанд.

Яке аз омилҳои асосии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ин тарзи нодурусти истифодабарии ҷавонон аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷалбсозии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ назаррастар аст. Гурӯҳҳои ифротӣ лақабҳои хешро аз номи саҳобагону халифаҳои рошидин ва дигар воҷаҳое, ки маънои «ҷиҳод», ҷанг, яроқу аслиҳаҳои ҷангӣ ва наҷотдиҳандаи мардум аз банду торикӣ (куфр) ва ғайра доранд, интихоб мекунанд.

Фиреби бештари ҷавонон аз содадилии онҳост. Зеро бештари онҳо бо хондани шиорҳои домфиреби эҳсосбарангез «саҳм»-и худро дар «посдорӣ»-ву «интишор»-и дин гузоштан мехоҳанд, бехабар аз ин ки худ аллакай гумроҳ шудаву дину мазҳабро канора гузоштаанд.

Бинобар ин ҷавононро мебояд маданияти дурусти истифодабарии шабакаҳои иҷтимоиро риоя намуда аз шабакаҳои иҷтимоӣ танҳо барои мақсадҳои нек яъне сайқал додани донишу малака ва барои пешравии кори хеш истифода намоянд.

Мутахассиси пешбари шуъбаи

рушди иҷтимоӣ ва робита бо                          Алиҷонзода Г.Ф

 

ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия

 
Чоп

Ҳизбу ҳаракатҳои тундрав

Солҳои охир гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла ҷомеаи Тоҷикистонро ба ташвиш андохтаанд. Зӯроварӣ зулму фишороварӣ таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон. Нодони ҳамеша дар пайи худ ҷаҳолату бозмондагӣ ва рӯ овардан ба хурофотро ба бор овард, сабабгори пайдо гардидани чунин зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа, чун экстремизм ифротгароӣ ва терроризм мегардад.

Аз ин рӯ, имрӯз ҷавононро зарур аст, ки фирефта нашуда, дар ҷустуҷӯи омӯзиш, ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии хеш бошанд, то ки дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистон асосгузор бошанд. Аз ин рӯ, суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва инчунин амнияти ҳудудҳои давлатӣ барои ҳар як шаҳрванд арзиши муҳим дорад.

Сармутахассиси шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи

дастгоҳи Раиси ноҳия                            Муҳиддинов Б

Муфассал...
 
Сахифаи 188 аз 268